Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони таэквондо маълум шуданд


ТАЭКВОНДО.Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таэквондо (WTF), ки дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии гуштии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба поён расид. Дар рақобатҳо байни мардон варзишгарони пойтахти ин кишвар - Насҳиддин Ворисов дар вазни 54 кило, Матин Бобоев дар вазни 58 кило, Хусрав Ғиёсов дар вазни 67 кило, Исломиддин Фозилов дар вазни 72 кило ва Шокир Раҷабов дар вазни 84 кило , Раҳмоналӣ Абдураззоқов аз ноҳияи Шаҳринав дар вазни 62 кило ва Диловар Зайниддинов аз шаҳри Турсунзода дар вазни мутлақ мақоми аввалро касб намуда, муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони таэквондои Тоҷикистон гаштанд. Дар сабқати занон Кристина Коробко дар вазни 47 кило, Камила Сафина дар вазни 51 кило, Таҳмина Хоҷаева дар вазни 55 кило, Екатерина Трубитсина дар вазни 59 кило (ҳарчор аз шаҳри Душанбе) ва Парвина Розиқова аз шаҳри Турсунзода дар вазни мутлақ соҳиби медали тиллои мусобиқа шуданд.

ДЗЮДО. Бино ба иттилоъи Аҳтам Раҷабов, мураббии варзидаи тоҷик ду гуштигири маъруфи Тоҷикикистон Неъматулло Асронқулов ва Расул Боқиев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзи ҷумъаи 9 сентябр дар пойтахти Миср, шаҳри Қоҳира оғоз шуд, ширкат доранд. Ин мусобиқа бо ширкати гуштигирони беш аз 40 кишвари ҷаҳон то рӯзи якшанбеи 11 сентябр идома хоҳад кард. Неъматулло Асронқулов дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило ва Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекунанд.

ФУТБОЛ. Пас аз танаффуси думоҳа рӯзи шанбеи 10 сентябр давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз мешавад. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бо тими «Данғара»-и Данғара ва «ХИМА»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бо СКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Се бозии дигари даври даҳуми мусобиқа рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ЦСKA-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Саройкамар»-и Панҷ баргузор мешавад. Дар айни ҳол «Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст. «Вахш» бо 22 имтиёз мақоми дуввум ва «Парвоз» бо 14 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG