Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд нигоҳ ба масъалаи истиқлолияти Тоҷикистон


Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз чаҳордаҳумин солгарди истиқлолияти худ таҷлил ба амал меовард, сиёсатмадорон ва афроди саршиноси кишвар аз мавқеъҳои мухталиф ба ин рухдод наздик мешаванд. Абдунабӣ Сатторзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, натоиҷи як соли ахири истиқлолиятро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ кардааст. Оқои Сатторзода сиёсати берунаи давлати Тоҷикистонро фаъол ва муассир хонда, густариши як соли ахири муносибот бо Русия ва Эронро аз дастовардҳои ин самт талаққӣ кардааст. Ба назари Абдунабӣ Сатторзода, дастовардҳои муҳимми сиёсати дохилии давлат пеш аз ҳама дар бахши иҷтимоӣ ва ба вижа дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум маҳсус аст. Аммо ба назари академик Раҳим Масов тағйироти мусбат дар ҳаёти ҷомиаи кишвар назаррас нест. Оқои Масов меафзояд, дигаргуниҳоро танҳо дар рӯи коғаз ва ҳисоботи мақомот мебинем. Ба гуфтаи академик Масов, иллати варшикастагии иқтисоди Тоҷикистон натанҳо ҷанги шаҳрвандӣ, балки ҳамчунин фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ низ будааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон мӯътақид аст, бо ин вуҷуд ки Тоҷикистон як давраи харобиовари ҷанги шаҳрвандиро тай кард, тавонист дар миқёси байналмилалӣ мақом ва ҳузур пайдо кунад. Оқои Тӯраҷонзода махсусан тасвиби аснод миёни Тоҷикистон ва Русия дар бахши ҳамкориҳои энержиро муҳим хонда гуфт, эҳдоси нирӯгоҳҳои бузурги Сангтӯда ва Роғун Тоҷикистонро ба як кишвари тавонои минтақа табдил хоҳад дод. Вале ҳамзамон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз мушкилоте ёдовар шуд ,ки дар роҳи рушди иқтисоди кишвар мониа эҷод мекунад: "Проблемаҳое, ки дар ин солҳо ба вуҷуд омаданд, аз ҳама даҳшатноктараш коррупсия аст, ки ба фалаҷ шудани иқтисоди мо оварда мерасонад. Бисёр корҳоеро мешуд дар соҳаи кишоварзӣ анҷом дод. То имрӯз ин масъала ҳаллаи худро наёфтааст. Воқеъан, мо тағйироти зиёдеро дар қонунгузориҳо дар бораи замин қабул кардем, аммо ҳамон сохтори колхозие, ки буд, имрӯз бо тағйири ном ва ба шакли хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ, аммо дар асл ҳамон колхозҳои қадимаро мо ҳифз карда омадем, ки на ба мардум маоши хуб дода метавонанд, на маҳсулоти кофӣ истеҳсол мекунанд, ки ба боигарии кишварамон кӯмак расонанд. Балки ин як макони коррупсия ҳаст, як макони бедодигарист дар деҳоти кишвар."

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, муҳимтарин дастоварди замони истиқлол дар зеҳнияти мардум ҷо гирифтани ақидаи истиқлолхоҳӣ ва шинохти истиқлол мебошад. Ҳамзамон оқои Кабирӣ аз ташкил ва баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон ва махсусан интихоботи ахири парлумон интиқод карда гуфт, ғайримунсифона ва ғайридемократӣ доир кардани интихобот пайомадҳои нохуш ба думбол хоҳад дошт. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба истиқлолияти Тоҷикистон баъзе хатарҳо таҳдид бор меоваранд, аммо на ба он гуна, ки битавонанд ин истиқлолро маҳв кунанд.

Давлати Худоназар, коргардони саршиноси тоҷик ва собиқ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, такрори инқилобҳои норанҷӣ дар бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ғайримумкин аст. Ба ақидаи оқои Худоназар, дар авоили солҳои навадум ҳангоми талоши тағйири сохти сулолавии ҳокимият Тоҷикистон фоҷиъаи миллии таърихи худро мувоҷеҳ шуд ва ин фоҷиа барои аҳолияш, ки ин ҳама нокомиҳоро пушти сар карда ва ба фарқи миёни сиёҳу сафед акнун сарфаҳм меравад, омили боздоранда шудааст. Аз ин сабаб, натиҷигирӣ мекунад оқои Худоназар, вуқӯъи ҳама гуна бӯҳроне , ки инқилобҳои ба истилоҳ рангин дар пай доранд, баъид ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG