Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сабқати зӯрхонагӣ


Ва ҳоло як хабар барои мухлисони футбол. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои ширкат дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон - 2005 роҳ ёфтанд. «Регар» ТадАЗ дар бозии ҷавобии нимниҳоӣ низ дар меҳмонӣ дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷандро чун дидори аввал бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. Голро Шӯҳрат Ҷабборов дар дақиқаи 65-уми бозӣ ба ҳадаф расонд. Вале тими «Вахш» дар бозии ҷавобии худ дар шаҳри Душанбе аз тими CSKA бо натиҷаи 1 бар 2 мағлуб гашт. Дар ин дидор Мирзобек Мирзоев , бозингари мизбонон дар дақиқаи 44-ум ҳисобро боз кард. Назиршо Ризомов, ҳамлагари «Вахш» дар дақиқаи 47-ум ҳисобро баробар намуд. Нӯҳ дақиқа қабл аз хотимаи бозӣ Баҳодур Шарипов аз дастаи мизбон голи дуввумро ба дарвозаи меҳмонон зада, бозиро ба нафъи CSKA анҷом дод. Ба ин тартиб аз рӯи натоиҷи ду дидор «Вахш» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Зеро ки бозии аввал бо натиҷаи 1 бар 0 бо пирӯзии «Вахш» ба поён расида буд ва як голи қӯрғонтеппагиҳо дар бозии ҷавобӣ ба ду гол баробар аст.

Ва як хабари дигар барои ҳаводорони волейбол.Дастаи волейболи «Душанбе» аввалин барандаи Ҷоми федератсияи волейболи Тоҷикистон гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар тими «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард.Дастаи мунтахаби шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бар тими мунтахаби шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд, мақоми севвумро касб кард.
XS
SM
MD
LG