Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занги аввал дар макотиби Тоҷикистон


Рӯзи 1 сентябр дар макотиби ибтидоиву миёна ва олии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз ёфт. Имсол ҳудуди 3 700 мактаби ибтидоиву миёна дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 700 000 нафарро ба таҳсил фаро мегиранд. Аз ҷумла 186 0000 тифлеро, ки имсол барои нахустин бор ба мактаб мераванд. Ва ҳам имсол аз байни 34 000 довталаб 9 500 нафар шомили соли аввали донишгоҳ шуда, либоси донишҷӯӣ ба бар карданд.Аммо риштаи маорифи Тоҷикистон ҳамчунон бо мушкилоти сахту муҳлике дастбагиребон боқӣ мемонад, ки аз умдатаринҳояш нарасидани тақрибан 9 000 омӯзгор дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҳамчунон поин рафтани мизони саводнокии толибилмони ин макотиб аст. Бо баҳонаи занги аввал ва оғози соли нави таҳсил ҳамкори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат ба мушкилоти маорифи Тоҷикистон пардохтааст.
XS
SM
MD
LG