Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқат барои Ҷоми футболи Тоҷикистон авҷ мегирад


Дастаҳои футболи "Регар" - ТадАЗ-и Турсунзода ва "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар бозии аввали нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2005 пирӯзӣ ба даст оварданд. "Регар" - ТадАЗ дар майдони худ дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷандро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. Голро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 85-уми бозӣ ба ҳадаф расонд. "Вахш" низ бо ҳамин натиҷа бар дастаи меҳмон- CSKA-и Душанбе ғалаба кард. Дар ин дидор низ мизбонон қабл аз панҷ дақиқаи хотимаи бозӣ муваффақ гаштанд. Тӯбро Исроил Идиев ба дарвозаи меҳмонон зад. Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо рӯзи чаҳоршанбеи 7 сентябр баргузор мешавад.
----------------------------------------------------------
Нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ширкати варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Эрону Ҳиндустон ва Чин ҷараён дорад. Ғолибони рақобатҳои инфиродӣ байни писарон ва духтарон пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқа ба бозиҳои нимниҳоӣ, ки 6 сентябр баргузор мешаванд, роҳ ёфтанд.Аз ҷумла теннисбози навраси Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи нимниҳоӣ сазовор гашт. Мо бо бархе аз ширкаткунандагони ин мусобиқа ҳамсӯҳбат шудем.Теннисбоздухтари тоҷик Таҳмина Бурҳонова ба радиои Озодӣ гуфт, ки се сол инҷониб таҳти раҳбарии мураббӣ Анатолий Балгов тамрин намуда, дар мусобиқаҳои мухталиф ширкат меварзад. Ҳамсӯҳбати дигари мо, Ҷамшед Элмуродов, узви тими мунтахаби Туркманистон иброз дошт, бо теннисбозони тоҷик, қазоқ, узбак ва афғон, ки барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба Туркманистон омада буданд ва ҳоло дар Ҷоми президенти Тоҷикистон ширкат доранд, ошноӣ пайдо кардааст.
Ба назари Рустам Юсуфохунов, мураббии тими Қирғизистон, мусобиқаи мазкур ба рушди теннис байни наврасон ва ҷалби онҳо ба варзиш мусоидат хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG