Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехҳо ба Зиддӣ ангишткобӣ меоянд


Як ширкати чехии мавсум ба SZMТ, ки дар бахши истихроҷи ангишт машғул ба фаъолият аст, эълом доштааст, ҷиҳати ташкили корхонаи муштараки коркарди ангишт дар Тоҷикистон 2,5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд. Бино ба иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, қарор аст, корхонаи муштарак дар заминаи корхонаи кони ангишти Зиддӣ, 75 километрии шимоли шаҳри Душанбе ташкил ва фаъол гардад. Собирҷон Усмонов, сардори бахши истихроҷи ангишти вазорати энергетикаи Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ахиран дар пайи боздиди коршиносони чехӣ аз кони ангишти Зиддӣ эълом шудааст.

Ҷаноби Усмонов гуфт, дар ин замина, миёни вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва ширкати чехӣ тавофуқи расмӣ ҳосил шудааст. Бар асоси ин тавофуқ, гуфт ҷаноби Усмонов, ҷониби Чехия мехоҳад, фаъолияти корхонаи сементбарории Душанберо бар асоси масрафи ангишти кони Зиддӣ ба роҳ монад. Дар ҳоли ҳозир, ин корхона бо истифода аз газ фаъолият менамояд. Аммо бинобар гаронии истифодаи газ ва адами интиқоли доимии он корхонаи сементбарории Душанбе наметавонад дар чор фасли сол бо иқтидори пурра кор намояд.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, масъалаи таъини саҳмияи молии ду тараф дар ташкили корхонаи муштараки истихроҷи кони ангишти Зиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Кони ангишти Зиддӣ яке аз конҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мувофиқи омори расмӣ захоири умумии ангишти он беш аз 90 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ин кон ҳудуди 20 ҳазор тон ангишт истихроҷ мегардад. Ба гуфтаи коршиносон, ташкили корхонаи муштарак ва бозсозии дастгоҳу таҷҳизоти он имкон медиҳад, мизони истихроҷи солонаи ангишт дар ин кон афзоиш ёбад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, як гурӯҳ аз сармоягузорони қазоқ бо ҳадафи ташхиси вазъи 7 кони ангишти Тоҷикистон ва ҳамчунин омӯзиши имкони сармоягузорӣ дар ин бахш ахиран вориди ин кишвар шудаанд. Қарор аст, зарфи як ҳафта ин гурӯҳ аз конҳои ангишти Зиддӣ, Шӯробод, Фон, Яғноб, Миёнаду ва Назарайлоқ дидан намояд.
XS
SM
MD
LG