Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи ориёноро дар Данғара ҷӯед


Данғара Дар харобаҳои Кохи Золи Зари ноҳияи Данғара 100 километрии Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бар асари як ҳафриёт рамз ё свастикаи ориёно кашф гардид.

Бозор Муродов - садри осорхонаи Данғара мегӯяд, рамзҳои ориёноро бо болҳои Аҳура Маздо кормандони «Маркази Озоди бостоншиносии Ориёнфар»-и кишвар таҳти сарварии бостоншиноси маъруф, Усмон Эшонзода дарёфт кардаанд.

«Ин рамзи Аҳура Маздост, ки дар катибаҳои Тахти Ҷамшед ё Персополис ҳаст, ки ба наздикӣ мо онро дар назди хонаи президент Раҳмонов, дар харобаҳои Кохи Золи Зар дарёфт кардем. Ингуна рамзро дар наздикии Лондон, пойтахти Бритониё ҳам ёфтаанд.»

Аҳура Маздо - худои некӣ дар дини Маздаясно (маздопарастӣ) ва оини Зардуштист. Аҳура Маздо дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба маънии сарвари доно омадааст. Аҳура Маздо тибқи ривоёти Авасто, офаридгори тамоми мавҷудоти нек буда ба Аҳриман - худои бадӣ дар рақобати абадӣ қарор дорад. Дар сангнавиштаҳои Ҳахоманишиён офарандаи замину осмон ва одамон аст, ки ба хонадони ин сулола гӯиё подшоҳии одамонро бахшидааст. Болҳои Аҳура Маздо, ки дар рамз ё свастикаи ориёно сабт шудаанд, гӯиё хушбахтӣ меоранд. Ва тибқи ривоёти ориёӣ тавассути ин болҳо шоҳони Ҳахоманишӣ аз бадиҳо раҳо ёфтаанд. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба гунаи Урмузд, Ҳурмуз ва Ҳурмузд ёдовар мешавад.

Олимон мегӯянд, бозёфти нодире, ки кашф гардид, умри тӯлонитар аз 3 ҳазорсола дорад ва далели ҳамзистии адёни мухталифи бисёрхудоӣ, ашёпарастӣ, бутпарастӣ ва оташпарастии тоҷикони аҳди қадим будааст. Бостоншиносон мегӯянд, дар ноҳияи Данғара се Кохи Золи Зар бо осоишгоҳи духтарони ӯ, шаҳри қадимаи Хуррмашаҳр ва беш аз 170 кӯшку қасрҳои замони то Ислом мавқеъ доранд.

Ҳамзамон сиккаҳои аҳди қадим, бо акси шоҳони Кӯшонӣ - Вима Такту, Васудева, Вишнйав Такан, нишони Роҳи Абрешим, рамзи ориёно ва беш аз 300 нигораи нодири таърихӣ дар мавзеъи Данғара то ҳанӯз кашф шудаанд.
XS
SM
MD
LG