Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари ботлоқҳои Русия ба саёра


Обшавии ботлоқҳоро ибтидо устоди донишгоҳи шаҳри Томск Сергей Кирпотин мушоҳида карда буд. Акнун профессори Донишгоҳи Оксфорд Ҷудит Маркуанд талош дорад, ки таваҷҷӯҳро ба ин хатари экологӣ ва таъсири манфии он ба муҳити зист ҷалб кунад.

"Барги Сабз" бо Ҷудит Маркуанд масъалаи обшавии яхҳои рӯи ботлоқҳо ва паёмади онро дар миён гузошт ва нахуст аз ӯ доир ба паёмадҳои обшавии ботлоқҳои Сибир пурсид.

Хонум Маркуанд гуфт: "Сергей Кирпутин дар минтақаҳои ғарбии Сибир аз соли 1989 вазъиятро мушоҳида мекард. Ӯ далелҳои ҷиддӣ дорад, ки вазъи сатҳи замин дар ин минтақа ба таври назаррас тағйир меёбад. Ин дигаргуниҳо ба вижа дар ду-се соли ахир бештар шудаанд, дар он ҷо ба суръати ба таври нигаронкунанда тез, аз ботлоқҳои обшуда кӯлҳо ба вуҷуд омаданд."

Обшавии ин ботлоқҳои яхбаста мушаххасан чӣ хатар дорад, сабаби аслии ташвиши шумо чист?

"Нигаронии мо пеш аз ҳама аз он аст, ки миқдори бузурги гази метани ҷаҳон маҳз дар зери ҳамин ботлоқҳои яхбастаи Сибир ҷойгир шудаанд. Вақте ях об шуд, ин газ ба ҳаво бухор мешавад. Метан ба ҷараёни гармшавии ҳаво таъсири зиёд дорад. Таъсири ин газ ба гармшавии саросарии Замин шадидтар аз таъсири карбон аст. Баъзе олимон тахмин мекунанд, ки гази метани Сибир шояд суръати гармшавии ҳарорати умумии Заминро ду баробар афзоиш диҳад."

Ин ботлоқҳо, ба гуфтаи олимон 11 ҳазор сол зери ях буданд, раванди об шудани яхи он тахминан чанд солро дар бар мегирад?

"Яхшавии обҳо метавонад, марҳилаи хеле басуръат бошад. Бале якхбандӣ 11 ҳазор сол давом дошт. Вале вақте ҷараёни яхбандӣ як бор шурӯъ шавад, он дигар ба суръат давом мекунад. Сатҳе, ки яхи он кушода мешавад, басуръат гармиро ҷазб мекунад. Ба вижа дар фасли тобистон. Албатта, ба ҳаво баромадани тамоми метани ботлоқҳои Сибир зуд сурат намегирад, шояд ин раванд сад сол идома кунад. Вале бояд бигӯям, ки миқёси обшавии яхҳо дар он ҷо хеле бузург аст."

Сабаб чист, ки баъди ҳазорҳо сол, ҳоло ин яхҳо ба обшавӣ шурӯъ кардаанд.


"Ин ҷо чанд сабаб вуҷуд дорад, вале муҳимтаринаш таъсири фаъолияти инсон ба табиат мебошад, ки боиси гаршавии ҳаво шудааст. Дар тӯли чанд даҳсолаи ахир бар асари фаъолияти инсон дар муқоиса бо ҳар вақти дигар миқдори бузурги дуди сӯзишворӣ, дуди газу нафту ангишт ба фазо хориҷ шудааст."


Ҳоло метавон, барои ҷилавгирӣ аз обшавии яхҳо кадом чорае дид?

"Ман ба ин мутмаин нестам. Аслан ҳеҷ кас мутмаин нест. Вале чунин шубҳа вуҷуд дорад, ки ин аллакай дер шудааст."

Тасвире, ки шумо медиҳед, хеле тираву тор аст.

"Мушкилӣ дар он аст, ки дар минтақаҳои дигари Сибир низ масалан дар шарқи Сибир, ба ҳаво хориҷ шудани гази метан мушоҳида шудааст."

Барои ашхосе мисли ман, ки мисли шумо олим ё мутахасиси ин соҳа нестанд, метавонед вазъиятро ба шакли содда шарҳ диҳед. Яъне вақте гази метан ба ҳаво хориҷ мешавад чӣ рӯй медиҳад? Инсонҳо нафасгир мешаванд?

"Не, Не, ман фикр намекунам, ки чунин шавад. Гази метан ба атмосфера хориҷ мешавад ва ба нури офтоб, ки ба Замин меояд, таъсир мекунад. Албатта, ин гази консентратияшуда нест, яъне таҷаммӯъи газ нест. Вале он ба гармшавии ҳарорати умумии ҳаво таъсири манфӣ, таъсири хеле ҷиддӣ дорад. Он ба ҳаёти ҳайвонот ва наботот таъсири манфӣ дорад. Зеро ҳайвонот ва рустаниҳо наметавонанд, худро ба тағйири босуръати иқлим мутобиқ кунанд."

Бори дигар, оё касе метавонад барои ҳалли ин мушкил коре кунад?

"Қабл аз ҳама ҳукуматҳо бояд дар ин самт кор кунанд. Вусъати ин масъала бузург аст. Ҳукуматҳо бояд барномаҳоеро татбиқ кунанд, ки дар ивази истифода аз нафту ангишт роҳҳои алтернативии тавлиди энергия ба роҳ монда шавад. Инсонҳои оддӣ низ метавонанд, дар ин кор саҳм бигиранд. Ҳар як хонавода бояд барои кам кардани миқдори сӯзишвории зараровари хоҷагии худаш кӯшиш кунад. Ғайр аз он, созмонҳои ғайридавлатӣ бо додани маълумот ба одамон ва ҳукуматҳо метавонанд, дар ин кор нақши муҳим дошта бошанд."

"Бо дар назардошти вусъати масъала, тавре худи шумо ишора кардед, ба назар мерасад, ки обшавии ботлоқҳои яхбастаи Сибир проблемаи танҳо Русия нест."

"Ин мушкили тамоми ҷаҳон аст. Дар воқеъ, ин мушкили тамоми ҷаҳон аст."
XS
SM
MD
LG