Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали тиллои Сергей Бабиков


Сергей Бабиков, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар тирандозӣ аз туфанг дар ду навъи машқҳо байни мардон мақоми аввалро касб намуда соҳиби ду медали тилло шуд. Сабқати тирандозӣ аз камон байни мардон дар навъҳои мухталифи машқҳо бо пирӯзии Руслан Исмоилов аз Қирғизистон, Виктор Лухвич ва Игор Терешенко, ҳарду аз Беларус ба анҷом расид. Варзишгари қирғиз Руслан Исмоилов ба Радиои Озодӣ гуфт, вай дуввумин бор ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ соли 2003 дар шаҳри Душанбе дар панҷумин бозиҳои Осиёи Марказӣ дар рақобатҳои тирандозӣ аз камон мақоми аввалро касб карда буд.

Мусобиқаи занон дар тирандозӣ аз туфанг бо ғалабаи Татяна Пухова аз Русия ва Наталя Юрковетс аз Беларус хотима ёфт. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сурайё Ҷумъаева дар тирандозӣ аз туфанг як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард. Панҷумин медали тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба Марат Абдукаримов тааллуқ гирифт. Вай дар тирандозӣ аз туфанг мақоми севвумро ишғол намуда бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Олег Набиев, сармураббии федератсияи тирандозии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа барои тими мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ барои ширкат дар чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG