Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии чаҳорумин шаҳрванди тоҷик аз Гуантанамо


Ҳукумати Амрико як табааи маҳбуси Тоҷикистон дар зиндони Гуантанаморо раҳо кардааст. Вазорати умури хориҷаи Амрико бо истинод ба манобеи вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, ҳамзамон бо раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон як табааи кишвари Яман ва ҳамчунин як иронии зиндонӣ ба мақомоти ин кишварҳо таҳвил дода шудаанд. Дар баёнияи вазорати дифои Амрико, ки аз тариқи сафорати ин кишвар дар Душанбе ба хабаргузориҳо расидааст, гуфта мешавад, афроди аз маҳбас раҳошуда минбаъд ба ҳайси душман шинохта нашуда ва низ онон дар мубориза алайҳи терроризм ҳеҷ гуна хатар эҷод нахоҳанд кард.

Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар масъалаи раҳоии атбои ин кишвар аз боздоштгоҳи Гуантанамо бо ҳукумати Амрико борҳо музокирот сурат гирифтааст:

«Мо заминаи сиёсии ҳалли ин масъаларо мусоид карда будем, яъне дар ин робита ба унвони ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико нома ирсол доштем ва идомаи ҳалли қазия ба дӯши мақомоти зидахли Тоҷикистон вогузор шуда буд».

Ба таъйиди манобеи расмии Тоҷикистон, то кунун аз ёздаҳ зиндонии тоҷик дар Гуантанамо - боздоштгоҳи низомиёни Амрико чаҳор нафари онҳо раҳо шудаанд. Маҳбусони қаблан раҳошуда якеаш, сокини деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли кишвар, дуввумӣ, як табиб аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва ҳамчунин, як сокини узбактабор аз ноҳияи ба номи Рӯдакӣ ва ниҳоят шахсе, ки ҳамин ҳоло озод шудааст, чаҳорумин шаҳрванди раҳошудаи тоҷик аз Гуантанамо мебошад. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ироаи ҳар навъи маълумот дар бораи шахсият ва ҳуввияти нафари раҳошуда ва ҳамчунин маҳалли таваллуд ва иқомати ӯ худдорӣ мекунад.

Гуфтанист, шаҳрвандони тоҷики маҳбус дар Гуантанамо ба ҳангоми муқовимати эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор алайҳи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дар солҳои 2001 то 2002 тавассути сарбозони амрикоӣ боздошт ва сипас ба ин зиндон мунтақил шуда буданд.
XS
SM
MD
LG