Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобиҳои нав дар Панҷакент


Панҷакент

Бар асари боришоти шадид ва ҷорӣ шудани сел дар шаби 17-уми август чанд манзили зист, сарбанди ду наҳр ва роҳи миёни рустои Шинг ва шаҳри Панҷакент тахриб шудааст. Тайи ду моҳи ахир маротибаи дуввум аст, ки рустои Шинг зери сел монда, дучори хисороти моливу ҷонӣ мешавад. Тибқи гуфтаи ситоди рафъи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Панҷакент, як гурӯҳи наҷотбахш билофосила пас аз вуқӯи ҳодиса манзури кӯмак ба мардум ва рафъи авоқиби офати табиӣ ба деҳаи Шинг фиристода шудааст.

Имомиддин Муродов - масъули ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тахриби сарбанди ду наҳри "Халифа Ҳасан" ва "Тӯхсанкорез" метавонад, сабаби беоб мондан ва хушкидани 10 ҳазор гектар киштзор ва боғот бишавад. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи тахриби ҳамин сарбандҳо дар авоили моҳи июн ба хоҷагиҳои кишоварзии Панҷакент ҳудуди 1 миллион доллар хисорот ворид шудааст.

Дар ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел чаҳор сокини рустои Шинг кушта шуда ва ҳамчунин сокинони деҳоти Сурхоб, Ғиждавра ва Панҷрӯд зиёни ҷиддӣ диданд. Дар ҳоли ҳозир барои сокинони осебдидаи рустои Шинг дар ҳамвории Саразм ва барои чиҳил оилаи деҳаи Панҷрӯд дар дашти Марғедар барои бунёди манзил ва кишт замин ҷудо карда шудааст.
XS
SM
MD
LG