Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як мухлиси бозии компютерӣ


Як шаҳрванди 28-солаи Кореяи Ҷанубӣ, ки 50 соат бетанаффус бо як бозии компютерӣ машғул буд, чанд дақиқа пеш аз он ки бозиро ба охир расонад, зоҳиран аз хастагии амиқ дар ҷои шишташ ҷон дод. Ин шахс, ки матбуот аз ӯ танҳо Ли ном мебарад, ду рӯз чизе нахӯрд ва хоб накард. Пизишкон мегӯянд, қатъи кори дил сабаби марги ӯ шудааст.
Вай рӯзи 3-юми август дар интернет-кафеи шаҳри Тайегу бозии ҷанги ситораҳо -- "Starcraft"-ро сар кард. Дар ду рӯзи баъдӣ вай фақат барои қазои ҳоҷат аз назди компютер барои лаҳзаҳои кӯтоҳ дур шуд.
Матбуоти маҳаллӣ менависад, Ли ахиран аз ҷои кори худ маҳрум шуда, бештари вақташро дар саргармӣ бо бозиҳои компютерӣ мегузаронд.
Дар моҳи октябри соли гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ сабқати ҷаҳонии қаҳрамонӣ дар бозии компютерии ""Starcraft" баргузор шуда, дар он 600 бозингар аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат карда буданд. Бозингарони олмонӣ баранда шуда, ҷоми қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG