Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, "Ваҳдат" бидуни бозӣ бо "Ҳулбук"-и Восеъ соҳиби се имтиёз шуд, зеро ки тими мизбон аз пардохти маблағи хизмати доварони ин дидор саркашӣ намуда, яке аз шартҳои низомномаи мусобиқаро вайрон кардааст. Ба ин тартиб "Ваҳдат", ки дар шаш дидори худ 12 имтиёз ба даст овард, ба зинаи аввали ҷадвал баромад. Тими "Тоҷиктелеком"-и Қӯрғонтеппа бо 9 имтиёз аз чаҳор бозӣ мақоми дуввумро ишғол мекунад. "Динамо"-и Душанбе,ки дар дидори худ бар "Гвардия"-и Душанбе бо натиҷаи се бар як пирӯз шуд,бо нӯҳ имтиёз дар зинаи севвуми ҷадвал ҷойгир мебошад."Динамо" низ чаҳор бозӣ анҷом додааст,вале таносуби тӯбҳои "Тоҷиктелеком" беҳтар аст.Ва як бозии дигари даври сипаришуда бо ғалабаи тими меҳмон- "Ориёно"-и Душанбе бар "Меҳнат"-и Колхозобод бо натиҷаи се бар сифр ба поён расид.Дар ду бозии навбатии мусобиқа рӯзи чаҳоршанбеи 10 август «Динамо» бо "Тоҷиктелеком" ва "Фархор" бо "Меҳнат" зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Ва як хабар барои ҳаводорони теннис. Дар шаҳри Душанбе азнавсозии майдонҳои тенниси назди варзишгоҳи марказӣ шурӯъ шуд. Бино ба иттилоъи Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон арзиши сохтмони ду майдони теннис ҳудуди 3 миллион сомонӣ ва ё наздики 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур моҳи сентябри соли равон дар майдонҳои нави тенниси Душанбе баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалӣ байни теннисбозони наврас барои дарёфти ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.