Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон


Дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд як маркази нави дастгирӣ аз ҳуқуқи занон бо номи «Инис» ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ин барномаи тоза бо мусоидати иттиҳоди амрикоии ҳуқуқшиносон ва маблағгузории дафтари демократия, ҳуқуқи инсон ва кори вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯи даст гирифта шудааст. Дар маросими муаррифии ин марказ дар шаҳри Хуҷанд Кристин Теффт - сарвари иттиҳоди имрикоии ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон гуфт, «Ҳадафи аслии мо беҳтар намудани дастрасии занон ба ҳимояти ҳуқуқӣ мебошад. Зеро иттиҳоди амрикоии ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон чунин тамоюлеро мушоҳида мекунад, ки занони ин кишвар хоҳиши истифода аз ҳуқуқҳои худ ва дифоъи онро надоранд.»

Хонум Теффт гуфт, муддати идомаи барномаи мазкур 14 моҳ аст. Гулчеҳра Раҳмонова - сарвари маркази «Инис» дар Хуҷанд, дар мавриди хадамоти ҳуқуқие, ки барои беҳбуди таъмини ҳуқуқи занон пешниҳод намудаанд, чунин мегӯяд: «Маслиҳатҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, таҳияи аризаву шикоятномаҳо, иштироки вакилони дифоъи мо дар мурофиаҳои додгоҳии занон бо хоҳиши онҳо, баргузор намудани ҳар гуна семинарҳо ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии занон. Инчунин, кӯмаки ҳуқуқӣ дар мавриди ҳама гуна баҳсҳо, ба мисли ҷанҷолу талошҳои оилавӣ, корӣ, шаҳрвандӣ ва монанди инҳо.»

Ба гуфтаи хонум Раҳмонова, тамоми хадамоти маркази дифоъ аз ҳуқуқи бонувон ба тариқи ройгон пешниҳод мегардад. Ин дар ҳолест, ки ба назари коршинос Раъно Бобоҷонова, занон дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд сари ҳар қадам бо қонуншиканӣ ва шикаста шудани ҳуқуқҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд: «Ҳар рӯзи ҳаёти мо инро собит месозад, ки занони мо ба кӯмаки ҳуқуқӣ ниёз доранд. Ба занҳо дониши ҳуқуқӣ намерасад ва онҳо наметавонанд худашон аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд. Масалан, рӯзи гузашта ба созмони занони ҳуқуқшиноси Суғд як зан омад, ки як писар доштааст ва ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват кардаанд. Он зан барои аз хидмат халос кардани писари ягонааш маҷбур шудааст ба кадом як даъваткунанда 200 доллар ришва бидиҳад. Вай намедонист, ки мувофиқи қонуни Тоҷикистон писари ягонаи ӯ аз адои хидмати низомӣ озод аст. Ин гуна мисолҳоро, ки занон ба сабаби надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худ дучори мушкилӣ шудаанд, зиёд овардан мумкин.»

Дар бораи мушкилоти ҳуқуқии бонувони тоҷик Маҳбуба Султонова, табиби занон дар Хуҷанд меафзояд : «Ҳуқуқи занҳои мо бисёртар дар хона помол мешавад. Чун мутахассиси бемориҳои занона гуфта метавонам, ки дар бисёр маврид занони носолим бо мошинаи «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхона оварда мешаванд ва барои наҷот додани онҳо зарурати ҷарроҳии таъҷилӣ пеш меояд. Аммо занон, мутаассифона, дар чунин лаҳзаҳо мустақилона ба қароре омада наметавонанд. Вай маҷбур аст, сараввал ризояти хушдоман ва ё шавҳарашро бигирад. Дуюм, дар мавриди чанд кӯдак ва кадом вақт ба дунё овардани онҳо низ занони мо мустақилона тасмим гирифта наметавонанд.»

Хонум Султонова афзуд, як мушкили асосии духтарони Суғд издивоҷи барвақт, ба синни 15 - 17 солагӣ ва никоҳи бидуни сабти расмӣ аст, ки ба хароб шудани саломатии модарони ҷавон, ба дунё омадани насли носолим ва гоҳо ба барҳам хӯрдани оилаи онҳо сабаб мегардад. Тибқи барномаи ҷадиди дастгирӣ аз ҳуқуқи занон тавассути маркази «Инис» ва созмонҳои ҷамъиятии шарики он дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва табибони амрози занона барои занон хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд.
XS
SM
MD
LG