Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби олуда... Мардуми бемор...


Масъулини вазорати беҳдошти Тоҷикистон густариши бемории вабо ё холераро дар ноҳияи Ҳисор рад карданд. Зиёвиддин Афғонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ ба хабаргузориҳо гуфтааст, 50 нафаре, ки дар бемористони амрози сироятии ноҳияи Ҳисор бистарӣ шудаанд, гирифтори вабо набуда, балки мубталои исҳол ё худ дизентерея мебошанд.

Аммо бахши аъзами сокинони деҳоти ноҳияи Ҳисор бар ин назаранд, ки нишонаҳои беморие, ки бар асари он рӯзҳои ахир беш аз 50 нафар дар беморхонаи амрози сироятии ин ноҳия бистарӣ шуда, 8 нафар ҷони худро аз даст додаанд,ба нишонаҳои вабо ё холера шабоҳат доштааст. Онҳо мегӯянд,сабабии аслии густариши ин беморӣ оби олудаи каналу ҷуйборҳо будааст, ки аҳолии аксар деҳоти ноҳии Ҳисор ба иллати нарасидани оби софи ошомиданӣ аз он истеъмол мекунанд. Яке аз мусоҳибони мо мегӯяд, рӯзи қабл бар асари ин беморӣ боз як сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисор дар гузашт: "Ҷавони вафоткарда аз деҳаи мо 25-сола буд ва бар асари ҳамин беморӣ даргузашт. Хеле бисёранд гирифторони ин беморӣ ва бештарашон аз колхози Жданов мебошанд."

Замони боздиди мо аз беморхонаи амрози сироятии ноҳияи Ҳисор, даромадгоҳи онро намояндагони шӯъбаи умури дохила назорат мекарданд ва моро иҷозати вуруд ба беморхона надоданд. Вале як сокини деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор, ки худро Ҳайдар муаррифӣ кард, бо изҳори таассуф гуфт, теъдоди гирифторони бемории исҳоли шадид шояд аз 50 нафари бистаришуда бештар ҳам бошад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, баробари фарорасии фасли гармо, интиқоли оби софи ошомиданиро ба деҳаи онҳо маҳдуд мекунанд ва мардум маҷбур мешаванд, ки аз оби нопоки ҷӯйборҳо истифода кунанд: "Дар як ҳафта 1 ё 2 бор ба мардум оби соф дода мешавад, аммо кормандони истгоҳи обкашӣ ба ҷойи ба мардум додани об онро ба ҷойҳои дигар бурда, ҳар мошини обро 10-20 сомонӣ мефурӯшанд. Мардум маҷбуранд, ки оби каналро хӯранд ва барои ҳамин ҳам ин хел касалиҳо зиёд мешавад."

Боймурод Мирзоев, пизишки амрози сироятии кӯдаконаи дармонгоҳи марказии ноҳиия Ҳисор, мегӯяд, сабаби аслии хуруҷи ин беморӣ дар воқеъ оби олуда мебошад ва густариши ин беморӣ дар фасли гармо дар ноҳияи Ҳисор як амри воқеъист.Вай мегӯяд, вазъ имсол бо ҳамин фарқ мекунад, ки ҳамасола гирифторони амрози сироятӣ дар миёни хурдсолон бештар ба қайд гирифта мешуд, аммо имсол мардуми синну соли мухталиф ба ин беморӣ мубтало шудаанд: "Як роҳи пешгирӣ ин аст, ки бояд обро ҷӯшонда хӯранд ва дар шустани косаю табақ, аз маҳлули хлор истифода кунанд, зеро ин беморӣ гузаранда аст. Ҳоло бо супориши муовини вазири тандурустӣ Афғонов мӯҳлати додани оби софро ба аҳолӣ зиёд карда,беморонро бо дору таъмин карда истодаем, то сирояти ин бемориро то андозае пешгирӣ кунем."

Дар ҳамин ҳол, мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон, дар робита ба бистарӣ шудани 21 сокини ноҳияи Бохтар ва 24 нафари дигар дар ноҳияи Панҷи ин вилоят хабар додаанд. Тибқи иттилоъи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, як гурӯҳи мутахассисон аз ҳисоби пизишкон ва кормандони маркази вогиршиносӣ ва зиддиуфунии Тоҷикистон ба ин ноҳияҳо рафтаанд, то вазъи пешомадаро дар навоҳии мазкур бисанҷанд.
XS
SM
MD
LG