Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доруву дармони марговар


Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷилавгирӣ аз фурӯши доруҳои қалбакӣ ва пастсифат дар кишвар хеле душвор аст, зеро беш аз 80 дар сади дорухонаҳо шахсӣ буда, аз ҷониби вазорати беҳдошт назорати фаъолияти онҳо ғайримумкин мебошад: I>"Воқеан, кафолати гирифтани пеши роҳи вуруди доруҳои қалбакиро ба кишвар ҳеҷ кас дода наметавонад, чунки беш аз 80 фоизи дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ хусусӣ мебошанд ва хеле кори душвор аст аз болои онҳо назорат кардан, аммо, ба ҳар сурат, танҳо дар соли гузашта 17 000 маротиба санҷишҳо гузаронда шуданд ва 378 номгӯи доруҳои қалбакӣ ва пастсифат аз фурӯш гирифта шуд."

Абумуслим Темуров ҳамчунин гуфт, вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди доруву дармони қалбакӣ ва пастсифат ба кишвар як марказ таъсис кардааст, ки он аз манобеъи боэътимод доруро бо нархи начандон гарон ва бо сифати баланд қабул намуда, ба дорухонаҳои кишвар ирсол хоҳад намуд. Бино ба иттилоъи ҷаноби Темуров, дар назар аст, ин марказ пас аз анҷоми таъмири бинояш ба фаъолият шурӯъ намояд.

Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Душанбе, ки худро Саъдӣ Абдуддоев муаррифӣ кард, мегӯяд, авохири моҳи гузашта ҷиҳати табобати сармохӯрдагӣ ба ӯ пизишкон сӯзандору гузарондаанд, баъди он як пояш варам карда бо амали ҷарроҳӣ анҷом ёфтааст: "Ман бемор шудам ва духтурон ба ман гуфтанд, бояд чанд доруро бо новокаин сӯзан занем. Ман ин доруҳоро харидам, аммо баъди сӯзанзанӣ поям варам кард. Маълум шуд, ки вақти истифодаи новокаин кайҳо гузашта будааст. Ҳоло намедонӣ, дору харӣ ё не. Ҳама чиз фиребгарӣ шудааст."

Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби маркази ҷумҳуриявии ташхиси дорувор дар пойтахти ктшвар ва навоҳии атрофии он фурӯши 378 номгӯи доруву дармон бино ба қалбакӣ ва пастсифат буданашон манъ шуда, 162 нуқтаи фурӯши дору баста шудааст.
XS
SM
MD
LG