Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани хабарнигори тоҷик


Паскал Бонемур бо "бепоя" ва "сангин" хондани ҳукми Ҷумъабой Толибов ҳамчунин гуфт, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи ин хабарнигор "Гузоришгарони Бидуни Марз" ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол хоҳад кард ва умедвор аст, ки ҳукми ӯ тағйир дода мешавад. Хабари маҳкум ба зиндон шудани Ҷумъабой Толибов на фақат барои созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" ғамнок ва тааасуфовар будааст, балки аксарияти журналистони тоҷикро низ такон додааст.

Фахриддини Холбек - рӯзноманигори тоҷик, ки қариб дар тамоми ҷараёни мурофиа ҳузур доштааст, пас аз анҷоми он ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳкум ба зиндон шудани узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Ҷумъабой Толибов осебпазирии хабарнигорони тоҷикро дар назди мақомот нишон медиҳад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Ҷумъабой Толибовро, ки ҳамзамон раҳбари шӯъбаи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ буд, ба авбошӣ, берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи Қонуни дахлнопазирии манзил муттаҳам мекунанд. Додситони вилояти Суғд Абдуғаффор Қаландаров дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Ҷумъабой Толибов барои нақзи қонун боздошт шудааст ва ба маҳкама кашидани ӯ орӣ аз ҳар гуна ангезаи сиёсист ва ба фаъолияти хабарнигориаш ҳам иртиботе ҳам надорад.

Ба гуфтаи мақомот, Ҷумъабой Толибов, гӯё ба хотири наворбардорӣ ва таҳияи мақола бидуни иҷоза ба манзили сокини ноҳияи Панҷакент - Саъдулло Бектӯраев ворид шуда, зери таҳдиду фишор ӯро ба навор бардоштааст.
Аммо худи Ҷумъабой Толибов, ки дар чанд нашрияи давлатии Тоҷикистон додситони ноҳияи Айниро шадидан танқид кардааст, дар ҷараёни муҳокима гуфт, ӯро маҳз барои ҳамин мақолаҳояш ба маҳкама кашиданд: «Ман ягон ҷиноят содир накардаам. Сабаби асосии ба курсии айбдорӣ нишастанам нашри мақолаҳоям дар нашрияҳои «Минбари Халқ» ва «Садои Мардум» бо номҳои «Прокурори муштзӯр», «Пуштибонҳои прокурори муштзӯр киҳоянд?», «Моро кӣ ҳимоя мекунад?» мебошад. Баъди чопи ин мақолаҳо додситони ноҳия Собит Аъзамов маро таҳдид намуда, ҳар як қадами маро таҳти назорат мегирифт."

Вакили дифоъи хабарнигор Майсара Фохирова, ки гуфта буд, иттиҳомоти нисбат ба Ҷумъабой Толибов эълоншуда собит нашудааст, қасд дорад, аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят барад. Санавбар Толибова - ҳамсари Ҷумъабой Толибов низ ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари ӯ бегуноҳ аст ва гуноҳаш ба қавли хонум Санавбар "гуфтани ҳақиқат" будааст: "Ман медонам, ки шавҳарам гунаҳкор нест, вай фақат кӯшиш мекард, ҳақиқат рӯи об барояд. Ҳақиқатро меҷуст, лекин дар ин дунё ҳақиқатро ҷустан лозим набудааст."

Ҳамин гуна бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як нафар хабарнигор зиндонӣ мешавад ва акнун ҳамтоёни Ҷумъабой Толибов дар Тоҷикистон бар ин андеша афтодаанд, ки паси панҷара шинондани як хабарнигор метавонад, худсенсории меросмонда аз ҷанги шаҳрвандӣ дар миёни матбуоти Тоҷикистонро боз ҳам тақвият бахшад.

Фахриддини Холбек мегӯяд: "Тоҷикистон акнун як журналисти зиндонӣ дорад, ки ин дар таърихи истиқлолияти кишвар набуд ва ин ба обрӯи Тоҷикистон дар миқёси байналмилал ва ҳамеша сухан аз он мегӯяд, ки дар кишвар озодии баён ҳаст, як зарба мезанад. Мақомот акнун ба журналистон нишон доданд, ки онҳо метавонанд, аз ин пас паси панҷара андохта шаванд."

Паскал Боннемур - намояндаи созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" низ гуфт, маҳкум шудани Ҷумъабой Толибов дар маҷмӯъ ба вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад: "Мо метавонем, тахмин кунем, ки ин иқдом чӣ таъсире ба вазъи матбуот дар Тоҷикистон мерасонад ва метавон тахмин кард, ки ин як ҳушдор ба ҳамаи хабарнигорони тоҷик аст. Ин як қарори бисёр фавқуллода ва гӯяндаи он аст, ки мақомот метавонанд, хабарнигоронро боздошт кунанд. Ин ҳамчунин нишон медиҳад, ки чӣ гуна демократия дар Тоҷикистон маҳдуд аст, як хабарнигор касеро танқид мекунад ва барои гуфтани он далел дорад ва барои ин ду сол дар зиндон мешинад. Ин ғайриқобили қабул аст."

Марат Мамадшоев хабарнигори тоҷик хулоса мекунад, ки муҳокимаи Ҷумъабой Толибов, муттавақиф шудани чопи нашрияи "Нерӯи Сухан" ва баррасии парвандаи чанд рӯзномаи дигар дар додгоҳҳои Душанбе нишондиҳандаи он аст, ки як сиёсате дар Тоҷикистон барои фишор овардан ба матбуоти мустақил ҷараён дорад. Ӯ меафзояд, ҳатто агар ин сиёсат дар мақомоти олии Тоҷикистон баррасӣ намешавад, аммо ин мақомот як навъ аз ин сиёсат пуштибонӣ мекунанд.

Пас аз чанд соат аз маҳкум ба зиндон шудани Ҷумъабой Толибов Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёния аз муттавақиф шудани чопи нашрияи "Нерӯи Сухан" изҳори нигаронӣ карда ва ҳамзамон ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дод, вазъи матбуотро беҳтар кунад ва даст аз ҳар гуна сензурҳои маъмурӣ нисбат ба матбуот бардорад. Дар баёния Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, ки барои фаъолияти озоди расонаҳои мустақил шароит фароҳам оварад.
XS
SM
MD
LG