Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

83 ҳектор замин. Аз Қирғизистон ё аз Тоҷикистон?


Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, азбаски ҳайатҳои комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон марбут ба аломатгузории марзи байни ин ду кишвар натавонистааст, як заминаи ҳуқуқӣ барои шурӯъи ҷудосозии сарҳад пайдо кунад, ҷаласаҳои ин комиссия бенатиҷа ва дар ҳоли ҳозир кори он ба як бунбаст дучор шудааст. Намояндагони ҳайати ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, агар аломатгузории марз мувофиқи пешниҳоди ҷониби қирғизҳо сурат гирад, Тоҷикистон аз 83 ҳектор замини худ маҳрум мешавад. Ҷониби Қирғизистон
мехоҳад, аломатгузории марз бар асоси вазъи соли 1989, ки пас аз чанд сол аз ин Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда буд, сурат гирад. Вале ҷониби Тоҷикистон ба ин розӣ нест. Нуралишо Назаров, муовини раиси ҳайати тоҷикистонии комиссияи муштарак дар робита ба ин масъала мегӯяд, "вохӯриҳо дар ҳақиқат вазнин гузашта истодаанд, зеро мо бояд як асоси ҳуқуқӣ ёбем, ки аз куҷо сар кунем."

Ба қавли ҷаноби Назаров, дар чанд соли ахир бо қарори ҳукуматҳои маҳаллӣ чанд навоҳии шимоли кишвар, аз ҷумла ноҳияи Исфара, Нов ва чанд ноҳияи дигар ҳудуди 83 ҳектор замин ба Қирғизистон тааллуқ гирифтааст. Ба ин тартиб, ин ду мавқеи мухталиф иҷоза намедиҳад, ки комиссияи муштарак ба кори худ дар роҳи ташхиси марзи Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ кунад.

Ва аммо сафорати Қирғизистон дар Душанбе зимни тамоси телефонӣ ҳозир нашуд ба суолҳои мо дар робита ба масъалаи аломаътгузории марз посух диҳад. Як намояндаи сафорти Қирғизистон гуфт, азбаски вай шомили комиссияи муштараки ташхиси марз нест, наметавонад дар робита ба ин мсаъала чизе бигӯяд.

Нуралишо Назаров, намояндаи комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, то замоне, ки байни ин ду кишвар хутути марз ташхис нашавад, ҳодисаҳое ба монанди марзшиканӣ, ки ба куштору гаравгонгирӣ боис мешавад, пеш меояд.
XS
SM
MD
LG