Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе стратежии нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро барои солҳои 2006-2009 баррасӣ ва тасдиқ кардааст, ки тибқи он зарфи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ҳудуди 120 миллион доллар кӯмакҳои фаннӣ ва қарз дода мешавад. Дар стратежии нави Бонки Ҷаҳонӣ пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, монеаҳои асосии рушди кишвар, стратегияи давлатии рушд ва роҳҳои кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии лоиҳаҳои инкишофи Тоҷикистон мунъакис шудааст.
Мудири мувақатии намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Бобоҷон Ятимов ба сафҳаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, тибқи стротежиҳои пешин, Бонки Ҷаҳонӣ дар навоҳии фақиртарини Тоҷикистон барномаҳои таҷрибавии фақрзудоӣ амалӣ кард, ки барои беҳтар шудани вазъи зиндагии ним миллион мардуми ин манотиқи кӯмак карданд. Ҷалби наврасон бо таҳсил ва таъмин бо хадамоти беҳдоштӣ хубтар шуданд. Вай нақши Бонки Ҷаҳониро дар ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муҳим хонд ва афзуд:
>"Тоҷикистон кишвари фақиртарини ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва яке аз мамолики ҷангзадаест, ки ҷангро ба зудӣ пушти сар карда, амнияти дохилиро таъмин намуд ва соҳиби ҳукумати қодир ба идораи давлат шуд. Ин кишвар дар чаҳор соли гузашта пешравиҳои чашмгири иқтисодӣ дошта ва солона иқтисоди он 10 дар сад рушд кардааст. Ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки сатҳи камбизоатиро, ки соли 1999 ҳудуди 81 дар садро ташкил медод, то соли 2003 ба 64 фоиз коҳиш диҳад. Бо вуҷуди ин ҳама пешравӣ Тоҷикистон ҳамчунон яке аз кишварҳои фақири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ мемонад. Дурнамои рушди Тоҷикистон низ чандон рӯшан нест, чун зербунёдҳои он ҳамчунон дар ҳоли харобшавӣ ҳастанд, ниҳодҳои беҳдоштӣ ва маориф хуб фаъолият намекунанд ва сохторҳои идорӣ низ заифанд."
Ба андешаи Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳоло фурсати мусоиде барои нишон додани пешравиҳои худ ба ҷомеаи байналмилал дорад. Бобоҷон Ятимов раҳбари мувақаттии намояндагии ин ниҳоди молӣ дар Душанбе:
"Тоҷикистон аз ҷониби бисёриҳо яке аз кишварҳои босуботтарини Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Аз ин сабаб имконияти хубе дорад, дар пасманзари вазъи ноамни минтақа дастовардҳои худро ба ҷомеаи байналмилал нишон диҳад. Ин кор ба Тоҷикистон дар сурате муяссар мешавад, ки сиёсати қатъии ислоҳоти сохторҳои давлатиро идома диҳад. Низоми махориҷи маблағҳои давлатиро ислоҳ намояд, шафофият дар идораҳои корхонаҳои давлатиро боло барад ва масоили қарзи хоҷагиҳои кишоварзиро ҳал кунад. Ба ғайр аз ин ҳимоят аз ислоҳот ҷиҳати рушди соҳибкории хусусӣ паёми қавие ба ҷомеаи байналмилал хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар ҳадафҳои боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми худ содиқ аст."
Ҳадафи стратежии нави кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба гуфтаи мақомоти он, ҳосил кардани натиҷаҳои мушаххаси дар ростои коҳиши сатҳи камбизоатӣ аст ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ин самт ба Тоҷикистон барои рушди бештари иқтисодӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ кӯмак мекунад.
Дигар аз аҳдофи стротежӣ, афзудани имконот барои машғул шудан бо соҳибкорӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон будааст. Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, ба ҳукумати Тоҷикистон дар ростои беҳтар кардани кори бахши энержии кишвар, аз ҷумла дар бештар фоидаовар кардани он кӯмак намоянд ва ҳамчунин дар ҷалби сармоя ба ин бахш мадад расонад. Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо Бонки Ҷаҳонӣ қасд дорад бо Тоҷикистон дар самти самараноктар кардани фаъолияти ҳукумат кор кунад ва барои коҳиш ёфтани сатҳи фасодкорӣ мусоидат намояд.
Тоҷикистон соли 1993 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пазируфта шуда, аз замон то кунун ҳудуди 360 миллион доллар кӯмакҳои фаннӣ ва қарз дарёфт кардааст. Феълан дар Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ 10 барнома татбиқ мекунад, ки ҳаҷми умумии онҳо 148 миллион долларро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор 44 дар садаш истифода шудааст.

Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?