Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Ҷумъабой Толибов фардо маълум мешавад


Шаҳристон - Хуҷанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ, ёвари додситони вилояти Суғд Неъматулло Рухсатуллоев зимни суханронии ҷамъбастии худ аз ҳайъати додгоҳи Суғд тақозо кард, ки Ҷумъабой Толибов - мудири шуъбаи маъмурӣ ва ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мутобиқи се банди Асноди ҷиноӣ барои авбошӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил гунаҳкор дониста ва ба зиндон маҳкум шавад.

Ӯ аз додрасон тақозо кард, барои Санавбар Толибова - ҳамсари Ҷумъабой Толибов ҷазои шартии шаш моҳ корҳои ислоҳӣ бо пардохти 15 дар сади маошаш ба буҷаи давлат таъйин карда шавад. Неъматулло Рухсатуллоев дар мавриди Ҷумъабой Толибов чунин гуфт: «Ҷазои ниҳоӣ ба ӯ се сол маҳрум намудан аз озодӣ ва аз ишғоли мансабҳо дар мақомоти давлатӣ ва ҳақи фаъолияти журналистӣ таъйин карда шавад.»

Аммо Майсара Фохирова - вакили мудофеъи Ҷумъабой Толибов ва ҳамсари ӯ аз додгоҳ хост, нафарони таҳти ҳимояташ бо далели собит нашудани иттиҳоми алайҳи онҳо дар ҷараёни тафтиши аввалия ва додгоҳӣ бегуноҳ дониста шуда, аз толор озод гарданд.

Аммо ба ақидаи ҷаноби Рухсатуллоев, Ҷумъабой Толибов ҳангоми ба наворгирии ду сокини шаҳри Панҷакент бидуни иҷоза ва бо роҳи таҳдид ба манзили зисти онҳо ворид шудааст ва ҳамчунин нисбати аъзои як хонаводаи дигар аз ноҳияи Айнӣ муомилаи ғайриқонунӣ раво дидааст.

Вале Ҷумъабой Толибов зимни суханронии худ дар рӯзи қабл аз анҷоми мурофиа ин даъворо бепоя хонд: «Ман ягон ҷиноят содир накардаам. Ман дар оғози мурофиа гуфтам ва боз ба такрор изҳор менамоям, ки сабаби асосии ба курсии айбдорӣ нишастанам нашри мақолаҳоям дар нашрияҳои «Минбари Халқ» ва «Садои Мардум» бо номҳои «Прокурори муштзӯр», «Пуштибонҳои прокурори муштзӯр киҳоянд?», «Моро кӣ ҳимоя мекунад?» мебошад. Баъди чопи ин мақолаҳо додситони ноҳия – Собит Аъзамов маро таҳдид намуда, ҳар як қадами маро таҳти назорат мегирифт, бо нафароне, ки онҳоро солҳои пеш дар саҳифаҳои рӯзномаҳо танқид намуда будам, алоқа баста, мехост маро бо ягон баҳона гунаҳкор созад».

Боздошти Ҷумъабой Толибов дар авохири моҳи марти соли равон аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Айнӣ сурат гирифта, муҳокимаи парвандаи ӯ бо танаффусҳои тӯлонӣ идома дошт. Ҳамсари ӯ - Санавбар Толибова дар озодӣ ба сар мебарад. Қарор аст, ки додгоҳи ноҳияи Шаҳристон рӯзи 28 июл ҳукми хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибовро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG