Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони модарӣ. Мусулмонӣ. Падарсолорӣ. Навбати президентии занон?


МАСЪАЛАҲОИ БУНЁДИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар солҳои истиқлолияти миллии Тоҷикистон корбурди забони форсии тоҷикӣ дар сатҳи давлатӣ густариши ҷиддӣ пайдо кард, вале бо сабаби таназзули мактабу маориф сатҳи саводи ом шадидан коҳиш ёфт. Аммо оё масъалаҳои бунёдии ҳифз ва рушди забони давлатии Тоҷикистон ҳал шуданд? Имрӯз забони модарии мо ба кадом мушкилот рӯбарӯст? Чаро вақте ки ба забони тоҷикии имрӯза гап мезанед ва ё менависед, ҳатман ба саволҳое рӯбарӯ мешавед, ки ҷавобашонро намедонед? Ё бояд фарҳангу луғатро кофтукоб кунед ва ё аз касе бипурсед. Яке аз коршиносон гуфта буд, беназмиҳои бист соли охири Тоҷикистон забонро ҳам беназм кардаанд. Аммо дигарон бар инанд, ки ҷомеа натавонистааст, нирӯ ва захираҳоеро сафарбар кунад, то забони моро аз мероси сангини давраи шӯравӣ озод намоянд, бо навгониҳои рӯз ғанӣ гардонанд ва ба як забони пешрафтаи қарни бистуякум табдил диҳанд. Дар бораи вазъи имрӯзаи забон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти он донишманди шинохташудаи тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо мову шумо ҳамнафас мешавад.

Барои шунидан ин хатти сабзро "ангушт занед".

КАЙ НАВБАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ЗАНОН МЕРАСАД?

Оё дар Тоҷикистон зане метавонад президент интихоб шавад? Дӯсти донишҷӯи мо Мутаҳҳарӣ посухи рад дода, менависад, ин ба табиати зан созгор нест. Чанд нафари дигар низ вазифаи президенти Тоҷикистонро барои зани тоҷик вазнин меноманд, вале мухолифи ин ақидаанд, ки зан табиатан наметавонад, пешвои як миллат бошад. Онҳо вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва раҳ наёфтани занони муборизро ба саҳнаи сиёсӣ далел меоранд.
Дӯсти мо Музаффар мегӯяд, барои ин камаш 10 соли дигар даркор аст, аммо муаллифи номаи дигар, ки дар пайравӣ аз "Ҳамнафас" худро Бенафас номидааст ва мо ба ин розӣ шуда наметавонем, мегӯяд, 20 -30 сол даркор ва Давлати Ғанӣ менависад, 50 соли дигар бояд интизор шуд. Аҷибаш ин аст, ки ҳамаи онҳо ҳуқуқи баробари зану мардро таъкид мекунанд ва бар имкони президент шудани занон дар Тоҷикистон қоиланд. Вале Фаридун Маҳкамов менависад, ин ҳаргиз ба амал нахоҳад омад. Монии Самандарӣ низ навиштааст, ин номумкин аст, зеро зане дар кишвар ба ин сатҳ нест. Ва Нилуфар Бӯриева менависад, танҳо дар ҳоле ки ҷомеъа, яъне халқ аз чунин зан пуштибонӣ кунад, ин ҳодиса ба амал хоҳад омад.

Ба навиштаи Дабири Кабир занони тоҷик гунаҳкоранд, ки бо вуҷуди ҳуқуқҳои баробар, ҳамеша худро дар мавқеъи дастнигарӣ қарор медиҳанд. Ва Бежани Рометанӣ, аз шаҳри Душанбе менависад, бо вуҷуди он ки дар 20 соли оянда интихоб шудани зане ба мақоми президенти Тоҷикистон имкон надорад, подшоҳии занон дар таърихи давлатдории тоҷикон чизи нав нест ва умед аст, ки дар оянда боз такрор хоҳад шуд.


НУРӢ ДАР ҲАМСОЯГИИ КАЛИСО

Онгуна ки дар яке аз барномаҳои гузашта гуфта будем, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумисюни оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ феълан дар яке аз бемористонҳои Олмон машғули муолиҷа аст. Вай дар манзиле зиндагӣ мекунад, ки аз тирезааш бурҷи калисо намудор аст ва сари ҳар соат садои ноқусҳо ба гӯши ӯ мерасанд. Вай дар боғу гулгаштҳои паси ин калисо сайр карданро дӯст медорад ва ба рӯҳониёне, ки ба калисо мераванд ва ё аз он ҷо мебароянд, бо шавқ ва эҳтиром менигарад. Намози ҷумъаро дар масҷид мегузорад ва бо мусулмонони Олмон ошно мешавад. Ҳамчунин бархе аз мусулмонон аз кишварҳои дигари аврупоӣ ба дидорбинии ӯ меоянд. Дар ин барнома хоҳед шунид, ки ҷаноби Нурӣ ба вазъи мусулмонон дар Ғарб ва муносибатҳои Шарқу Ғарб чӣ назар дорад?
Мусоҳибаи Нурӣ инҷост.

ОЁ ҶОМЕАИ МО ПАДАРСОЛОР АСТ?

Дар гузориши вижаи ҳамкорам Раҳматкарими Давлат коршиносон аз падарсолорӣ дар ҷомеаи тоҷик ҳимоят мекунанд ва онро як суннати фарҳангию мазҳабии тоҷикон мехонанд. Яке аз онҳо бар ин назар аст, ки падарсолории тоҷикон аз истилоҳи шинохташудаи ин падида фарқ мекунад. Дигаре бар ин аст, ки такон додани падарсолорӣ бунёди ҷомеаро тахриб мекунад. Аммо яки дигар аз онҳо мегӯяд, ҳам падарсолорӣ ва ҳам бепадарӣ, ҳарду баданд ва бояд роҳи васатиро пайдо кард. Бишнавед ва агар гуфтание доред, ба мо нависед:
Hamnafas@rferl.org

Ин баҳси пуркашокашро бишнавед.
XS
SM
MD
LG