Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавваҷӯҳи милисаҳои чиноӣ ба таҷрибаи ҳамтоёни тоҷикашон


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, як ҳайъати мақомоти интизомии Чин ҷиҳати дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтоёни тоҷики худ вориди пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе шуда, бо Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Парвинаи Зарриндухт, масъули дафтари матбуоти вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни он масъулини интизомии чиноӣ таваҷҷӯҳи зиёд ба омӯзиши таҷрибаи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар заминаи муқобила бо даҳшатафканӣ нишон доданд ва тарафҳо ибрози омодагӣ намуданд, ки равобити худро дар ин самт густариш бахшанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон мизони ҳамкориҳои муштараки интизомӣ миёни мақомоти ду кишварро матлуб арзёбӣ менамоянд. Ба гуфтаи онҳо, дар се соли охир ҷониби Чин барои тақвияти фаъолияти ниҳодҳои мухталифи вазорати дохилаи Тоҷикистон ба ин кишвар маблағи 700 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмакҳои фаннии бебозгашт расонидааст. Дар чаҳорчӯби ин кӯмакҳо вазорати дохилаи Тоҷикистон умдатан аз ҷониби Чин васоити нақлияи модерн ва анвоъи таҷҳизоти иртиботии пешрафта дарёфт намудааст.

Соли 2002 мақомоти интизомии Чину Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва ҷиноёти байналмилалӣ як созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд, ки ин санад равобити тарафайнро дар арсаҳои интизомӣ миёни ду кишвар танзим ва ҳамоҳанг месозад.
XS
SM
MD
LG