Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захми минаро чӣ шифо мебахшад?


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон осебдидагон аз минаро дар як давраи дувоздаҳрӯзаи истироҳатӣ ва омӯзишӣ ҷамъ оварданд. Сиву ду ҷавони аз дувоздаҳ то бисту ҳаштсола аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки дувоздаҳ нафарашон духтар будаанд, дар дараи Ромит, панҷову ду километрии Душанбе ҷамъ омадаанд.

Фирӯза Ғуломҳусейнова, корманди барномаи рушди Созмони Милал, яке аз мубтакирони ин иқдом ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, дар ин давраи омӯзишӣ - истироҳатӣ аз миёни осебдидаҳо лаёқатмандонро кашф ва ҳунари онҳоро рушд бидиҳанд. Дар ин давра, дар баробари барномаҳои тафреҳӣ, ҳамчунин, барномаҳои омӯзиши аз ҷумла санъати тасвирӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, пизишкон ва равоншиносон дар хидмати осебдидаҳо қарор доштаанд.

Фирӯза Ғуломҳусейнова гуфт, беҳтарин нигораҳо баъдан дар як намоишгоҳи вижаи маҳсули дастранҷи осебдидагон аз минаҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Гуфта шудааст, дар оянда бо чунин давраҳои истироҳатӣ - омӯзишӣ фаро гирифтани теъдоди бештари қурбониёни мина дар назар аст.

Мувофиқи омор, дар натиҷаи бархӯрдҳо бо мина дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 241 нафар кушта ва 234 фарди дигари осоишта маҷрӯҳ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG