Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳворабахшон - Назри атфол ба мазорҳои маъруф дар Кӯлоб


Ҳалқаи охирин аз занҷирагуфтори Сайёфи Мизроб НАЗР-и кӯдак дар русуми аждодӣ мавқеъи хос дорад. Ва ҳатто тасаавур кардан мушкил аст, ки волидайн аз ҷабри фалак ва каҷии Хатти Тақдир то куҷоҳо дилсард меавонанд бошанд, то фарзанди арҷманду деринтизори худро дар баробари тавлид шудан ба дигаре бубахшанд, ҳамчун ҳадя.

Ва аммо Назри кӯдак, ки монандие ба маросими Гаҳворабахшон дорад, дар асл, аз ин оини ширин тафриқаи ҷиддӣ ҳам дорад.

Хуб пас НАЗР чист?

Хайрулло Тоҳиров-таърихшинос мегӯяд, «Маросими назр низ аз даврони бисёрхудоӣ маншаъ мегирад ва мардумоне, ки фавти фарзанд хонаводаи онҳоро думболагир буд, кӯдаки навзодро аввалан ба худоҳои некӣ, сипас дар замони Зардуҳушт ба оташи муқаддас инъом мекардаанд. Ба оҳистагӣ ин маросим ҷомаи ислом ба бар кард ва ҳамакнун атфоли маризу нотавонро волидайни аз маргу мири фарзандон ваҳмзада ба мазороти Шайху пешвоёни дини мубини Ислом мебахшидаанд».

Ин маросим ҳатто ба номи кӯдакон бастагии зич дорад. Ва танҳо баъд аз таҳияи гузориши мазбур шахсан ман фаҳмидам, ки номҳои Назрбӣ, Назралӣ ва ё Назирмуҳаммад чи маънӣ доранду чарои кӯдаконро Ғулому Сангу Гургалӣ номгузорӣ мекардаанд. Аксарияти мардуме, ки дар водии Кӯлоб номашон бо вожаи Назр шурӯъ мешавад, аз ҳамин оини Назр ва ё бахшиш кор гирифтаанд.

Ровии ин гузоришро имкон даст дод, ки на танҳо бо ин маросим ошно гардад, балки бо як марди солхӯрдае сӯҳбат кунад, ки дар хӯрдсолӣ ва айёми шубоб бо ин ҳар ду оин бархӯрд кардааст. Ғулом Исоев, бостоншинос мегӯяд, ки «То таваллуди ӯ волидайн 13 нафар бародаронашро ба хок додаанд. Аз ин рӯ ӯро дар хурдсолӣ гӯши чапашро бурида, назри мазори ифтихории маъруфтарин шахс дар Олами Ислом, Ҳазрати Алӣ Абумутолиб кардаанд».

Бобои Ғулом мегӯяд, бо ҳамин иддао, ки ин кӯдак дигар моли волидайн нест ва барои як умр ғуломии ҳазрати Алиро баргузидааст, ба ӯ номи Ғулом ниҳодаанд. Бобои Ғулом меафзояд, ки шояд шарофати ҳамин эм будааст, ки ӯ то ба синни 70 расид. Ва аммо издивоҷи нахустини бобои Ғулом дар синни 20 солагӣ низ қобили таваҷҷӯҳ аст. Зеро духтаре, ки ӯ дӯст медошт, Назрбӣ ном дошт ва ҷавон намедонист, ки ин бону ба мазори дигари шахсияти маъруф Сайид Алии Ҳамадонӣ назр шудааст ва мисли худи Ғулом дигар ба волидайн муталлиқ нест:
«Ман ба очаи духтар гуфтам, ки моле надорам, ки қалин тиям. Очааш хандида гуфт, ки бачам, Назрбӣ моли ман нест, мо ӯро ба мазори ҳазрати Амирҷон назр кардаем ва ӯ дар интихоби шавҳар мухтор аст. Ва агар ту ӯро нагирӣ маҷбур аст, ки дигар як умр хокрӯби мазои ҳазрат гардад»

Ва аммо дар гузаштаи начандон дур ва дар бархе деҳоти кӯманзар то ҳанӯз низ, кӯдаконро ба дигарон назр мекардаанд. Сайидалӣ Баротов - мусоҳиби дигари ман қисса мекунад, ки ӯ шоҳиди воқеии моҷарое будааст, ки духтари ноболиғро тибқи оин ба Сайид Сӯфии Олим, як тан аз маъруфтарин олими фиқҳ дар ноҳияи Данғара назр кардаанд ва то соҳиби Назр, ки солхӯрда буд, пас аз қадрас шудани ин бону ӯро ба ҷавоне набахшид, он духтар имкони издивоҷ надоштааст:
«То набахшид, шӯ накард. Зеро маънии назр ҳамин аст, ки хоҳад худаш мегирад, хоҳад ба бачаш медиҳад, хоҳад ба ягон дӯсташ ё хешаш»

Ба ҳамин усул, Сангаку Гургалӣ, Табараливу дигару дигар номҳо хоси таъоруфи мардумист, ки кӯдакро ҳини ба балоҳои осмонӣ дучор шудан, ба ин ё он ашё тақдим намуда, бо тағйири ном, гӯиё дасти маргро аз сари ишон дур мекардаанд. Хайрулло Тоҳиров мегӯяд, ин оин реша аз даврони фетишизм, ё ашёпарастӣ дорад, ки ба бовари мардум як санг ва ё як гург метонист аз худоҳои бадӣ атфолро эман дорад.
Ва аммо ҳарчанд, дар маросими Назр духтарро дар синни мухталиф ба кӯдаки ҳамсол ва ҳатто пире мебахшидаанд, аммо ин оин никоҳ маҳсуб намерафт. Барои ориёни аҳди қадим, ба иттилоъи бостоншинос, Зафар Мирзоев, танҳо ҳамин Гаҳворабахшон никоҳ будааст, ки тавассути он ориён решаҳои худро ба ҳам мепайвастаанд ва табори худро аз полоиш бо дигар ақвом эман медоштанд. Ин оин баъдан дар Авасто зуҳур кадааст. Дар боби 8 уми «Ясно»- и Авасто омадааст, ки «Савганд ёд мекунам, ки ба оини Маздаясно содиқ мемонам, ба тохту този ҳарбӣ хотима мегузорам, силоҳро мегузорам ва ( таваҷҷӯҳ кунед!) НИКОҲИ БАЙНИХУДИРО РИОЯ МЕКУНАМ!» Устод Зафар Мирзоев мегӯяд,«ғараз аз никоҳи байнихудӣ дар Яснои Авасто ҳамин Гаҳворбахшон будааст!»

Ва аммо хеле қобили таассуф аст, ки маросими Гаҳворабахшон, қадимтарин фарҳанги издивоҷ, фарҳанги хонадорӣ, фарҳанги табордорӣ, фарҳанги оиладорӣ ба оҳистагӣ тоҷиконро падруд мегӯяд. Ровии гузоришро хеле заҳамот думболагир буд, ки тӯли ҳафтаҳои тулонӣ, деҳа ба деҳаву шаҳр ба шаҳр гашта, аз ин маросими аждодӣ иттилоъ ҷамъоварӣ кунад. Ва ҳам аҷиб буд, ки то ҳанӯз мардумшиносон, адибон ва таърихнигорон дар ин мавзӯъ аз ягон рисолоти илмӣ кор нагирифтаанд. Ва ин оини аждодӣ, ки решаҳои қавӣ ба ориёни аҳди қадим доштааст, дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши қавму қабоили мухталиф мақоми азалии худро аз даст медиҳад. Ва аз ин оин танҳо дар мантақаҳои кӯҳманзари тоҷикон ба вежа, Кӯлобу Зарафшон, хосатан деҳоти навоҳии Балҷувону Айнӣ камобеш из(з) мегузоранд, ки дар ин мавзеъот то ҳанӯз дар издивоҷ аз ҳуввияти миллӣ ва қавмӣ арҷ мегузоштаанд.

Ва аммо бо вуҷуди ин ҳама вазъи бӯҳронӣ садои гиряи хурдсолтарин домод, Хуррами Файз, ҳини баргузории маросими Гаҳворабахшон барои ману ҳаводорони оини аждодӣ беҳтарин пайки барот аст, ки ин маросим, ин Фарҳанги Издивоҷи ориёни аҳди қадим аз ғирболи қавии тамаддунҳои ҷадид гузашта, то ба имрӯз расидааст ва роҳ сӯи абадият дорад...


Хонандаи гиромӣ! Ин хати сабз туро ба бахшҳои қаблии ин гуфтор мебарад.
XS
SM
MD
LG