Тоҷикистон имкон дорад дар як вақт то дусад ҳазор сайёҳи хориҷиро дар осоишгоҳҳои худ фаро гирад. Ба қавли Эркин Муқимов, сардори идораи сиёсати туризми вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар соли равон ҳамагӣ ҳазору нӯҳсад нафарро ташкил додааст. Вале ин рақам дар роҳи ҷалби ҷаҳонгардӣ ба кишвар қонеъкунанда намебошад. Бо вуҷуди ин, ҷаноби Муқимов иддао дорад, ки дар қиёс бо солҳои пешин шумори сайёҳони хориҷӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст. Ӯ гуфт, дар соли гузашта беш аз 14 ҳазор ҷаҳонгард аз 35 кишвари олам аз мавзеъҳои истироҳатии Тоҷикистон дидан карданд, дар ҳоле ки соли 1996 теъдоди онҳо ҳамагӣ ба 700 нафар мерасид.
Музаффар Бекматов, муовини аввали раиси Корхонаи давлатии туристии «Сайёҳ» мегӯяд, дар соли ҷорӣ тариқи миёнаравии ин ширкат танҳо як шаҳрванди хориҷӣ барои саёҳат ба Тоҷикистон омадааст. Ҷаноби Бекматов адами хатсайри парвоз бо мамолики хориҷиро аз илали аслии камтаваҷҷӯҳии ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон медонад. Вале Эркин Муқимов, масъули бахши туризми вазорати иқтисоди кишвар мегӯяд, ҷиҳати ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби ин мақом лоиҳаи чанд қонуну асноди давлатӣ таҳия ва қабул шудааст, ки ин ба афзоиши теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Ва аммо як масъули корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ», ки нахост исмаш зикр гардад, гуфт, дар Тоҷикистон чанд ширкати сайёҳии хориҷӣ, ки фаъолияташонро аз роҳи ғайриқонунӣ ба роҳ мондаанд, ба қайд гирифта шуданд, ки онҳо низ то як андоза боиси камэътимодии ҷаҳонгардон ба ширкатҳои туристии кишвар шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба қавли Эркин Муқимов, ҳаққуззаҳмаи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар қиёс бо ширкатҳои ҳамтои хориҷӣ то чаҳор маротиба камтар аст. Вай гуфт, ба ҳисоби миёна як ҷаҳонгард дар Точикистон бар ивази 250- 300 доллари амрикоӣ саёҳат карда метавонад ва истироҳати як сайёҳи тоҷик дар мамолики хориҷӣ наздик ба 1200 доллар аст.
Гуфтанист, дар соли равон шумораи сайёҳони аз кишвар баромада ҳудуди шаш хазору шашсад нафарро ташкил додааст, ки беш аз чор ҳазори онҳо бо нияти адои ҳаҷ ва қисми дигар барои хариди амвол берун аз кишвар рафтаанд. Аз ин миён, танҳо 10-15 сайёҳи тоҷик бо мақсади истироҳат ба мамолики хориҷӣ сафар кардаанд, гуфт Эркин Муқимов.