Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарсимҳои атиқа дар гулдӯзии Хуҷанд


Хонум Баҳриддинова, рассоми мардумии Тоҷикистон, барандаи мукофоти Рӯдакӣ ва корманди шоистаи фарҳанги кишвар беш аз 65 сол аст, ки тақрибан дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва мардумӣ ширкат дорад. Хуршеда Содиқова, раиси анҷумани ҳунармандон ва гурӯҳи эҷодкорони вилояти Суғд мегӯяд, бо ташаббуси кӯҳансолтарин мунодии фарҳанги миллӣ дар ва таҳти сарпарастии СҒД «Фатҳ» ин мактаб рӯи кор омадааст. Зулфия Баҳриддинова мегӯяд, ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчун чокдӯзӣ, сӯзанӣ ва гулдӯзӣ ба оҳистагӣ маҳви тараққии масолеҳи саноеъи замонавӣ шудаанд ва дар ин зимн беҳтарин дастовардҳои миллии тоҷикон ба коми нестӣ рафтаанд. Ва ғараз аз ифтитоҳи «мактаби Баҳриддинова» ҳифз ва эҳёи ҳунари мардумӣ дар мавзеъи шимоли кишвар будааст.

Дар «Мактаби Баҳриддинова» 15 бонуи ҷавон ҳафтае 2 бор дарси маҳорат мегиранд. Мухлиса, як шогирди ин мактаб мегӯяд, «Офариниши гулу мусаввараҳо барои онҳо таъсири равонӣ дорад ва мо худро хушбахт эҳсос мекунем».
Чанд номгӯй куртаҳои гулдӯзӣ ва давриҳои хонум Баҳриддинова дар озмуни Таронаи Чакан дар Кӯлоб ба маърази тамошо гузошта шуда, аз мухлисин мавҷи қарсро рабуда буданд.

Ва аммо чокдӯзии Хуҷанд аз чакани Кӯлоб тафриқае дорад?
Муайян гардид, ки дорад! Ва на танҳо аз чакани Кӯлоб! Ба иттилоъи мардумшиносон чокдӯзии суғдӣ тақрибан дар ҳама навоҳии Суғд ба гунаҳои ширинтару дилчасптар мушоҳида шудаанд. Зулфия Баҳриддинова: «Чокдӯзӣ на танҳо аз чакани Кӯлоб фарқ дорад, ки аз ҳама навоҳии дигари Суғд гунаҳову шеваҳои гуногуни фарқдор ба чашм мехӯрад. Дар ҳар ноҳия техникаи дигар, шеваи дигар, гуландозиву рангандозиву қаламкашӣ ҳатман фарқ ҳаст!»

Ва аммо даврии суғдӣ низ аз даврии кӯлобӣ фарқ дорад. Зулфия Баҳриддинова, ки ҳамакнун 65 сол аст, бо ҳамин ҳунари мардумӣ сарукор дорад, мегӯяд, усулан даврӣ дар ҳама мавзеъи кишвар бо тарсими офтобу моҳу ситора маънии кӯраи замин ва Чархи Фалакро дорад. Вале даврии суғдӣ ҳамзамон қиссаҳоро ба риштаи тасвир мекашад: «Мисол, агар ҷонвареро дӯзанд, гарданашро ҷудо медӯхтанд, ба ин масал, ки тибқи ривоёти динӣ ба ҷонвар дар он дунё ҷон медиҳанду онро мусаввир зинда мекунад. Биноан, аз тарси қиёмат ҳатман гардани ҷонварро ҷудо мекарданд, яъне ин зинда неву мурда аст!»

Ин дар мавридест, ки давриҳои ҷанубӣ ба истилоҳ қиссагӯ нестанд. Аз сӯи дигар, давриву гулдӯзӣ, маъруфтар ба вожаи «чокдӯзӣ» аз абрешиме гуландозӣ мешаванд, ки аз тораи бориктарин бирешим печидаанд. Зулфия Баҳриддинова мегӯяд, барои нақши чок ҳатман аз Чархаи Бобоӣ кор мегиранд, зеро риштаҳои дигар тобовар нестанд ва умри тӯлонӣ надоранд. Хуршеда Содиқова пеши назари ман, сӣ тор нозуктарин бирешимро мегузорад ва онҳоро бо чолокӣ бофта, як ришта месозад ва мегӯяд, «Барои чокдӯзӣ аз ҳамин бирешим кор мегиранд».

Ин заҳматест хеле сангин, ки шояд маҳз риштани абрешими гулдӯзӣ сабаби аз байнравии ин ҳунари хеле дилчасп шуда бошад. Ин дар мавридест, ки риштаи мазбурро чапу рост метананд ва ба истилоҳи ҳунармандон «пухта» ғафсу борик метобанд. Ва мутмаин бош, хонандаи гиромии саҳифаи интернетии радиои Озодӣ, ки агар шумо ҳунари воқеии чархаресӣ, торсозӣ, торбофӣ ва наққошиву рангрезиву рангбезӣ ва сабру таҳаммули беш аз пиндор надоред, пас ба чокдӯзиии хуҷандӣ ва давраороии суғдӣ магироед, ки як кӯшиши бефоидае барои худи шумо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG