Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷрат: Манбаъи даромад ва ё мушкилот?


Ҷомеашиносон бо таъкиди ин нукта мегӯянд, бар асари афзоиши муҳоҷирати кории мардон ба кишварҳои хориҷ, мушкилоти хонаводаҳо дар чанд соли ахир бамаротиб афзудааст. Сол то сол теъдоди кӯдакони бепарастор, душвортарбия ва ҷинояткор аз ҳисоби наврасоне, ки падаронашон барои дарёфти пул солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар мебаранд, афзоиш меёбад. Занҳо бар асари мушкилоти зиёди зиндагӣ - андешаи таъмини оила, бекорӣ ва фақр ба фишори шадиди рӯҳӣ ва бемориҳои мухталиф мувоҷеҳ мегарданд.

Раъно Охунова, раиси маҳфили мубоҳисавии занони Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳодҳо шудаанд, ки "бояд дар роҳи боло бурдани маърифати хонаводаҳо бештар талош кард, то пули бо сангиниҳои зиёд ба даст овардаи муҳоҷирин аз ҷониби хонавоҳо дуруст масраф шаванд, пешниҳод аст, ки бояд маблағҳои тавассути бонкҳо воридшуда аз ҳисоби муҳоҷирин танзим дода шуда даромади он ҷиҳати пуштибонии атфоли онҳо масраф шавад".

Раъно Охунова ҳамчунин афзуд, яке аз сабабҳои аслии муваффақ нашудани муҳоҷирони корӣ дар Русия агар аз як ҷониб ба кундӣ пиёда шудани созишномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Русия оид ба масоили муҳоҷирату муҳоҷирин бошад, аз ҷониби дигар, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бемаълумотӣ ва надонистани забон будааст.

Аслиябегим Шогунбекова, намояндаи ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ӯ ба иллати камии маош ва мушкилоти моддӣ чанд муддат дар Русия ҳамчун мардикор ба сар бурдааст ва шахсан шоҳиди ранҷу тазйиқи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷониби пулиси Русия шудааст:
"Ман бо чашми худам дидаам, ки чи хел муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳуқуқанд ва аз ҷониби пулиси ин кишвар ранҷ мебаранд, бояд онҳо дифоъ шаванд."

Элмурод Турсунов, намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, як силсила чорабиниҳо ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар хориҷ ва оилаҳои эшон дар кишвар анҷом дода шавад:
"Беш аз 100 ҳазор ҷои кор дар кишвар муҳайё шудааст, аммо ба иллати камии маош мардум ин корҳоро интихоб намекунанд. Аммо ҳоло ҳукумат чораҳои дигареро дар ин самт меандешад."

Тибқи омори расмӣ, феълан теъдоди муҳоҷирони корӣ ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад, ки сиву панҷ дар сади онҳо занон будаанд, аммо омори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират шумори муҳоҷирини кории тоҷикро беш аз 600 ҳазор мегӯяд.
XS
SM
MD
LG