Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таносуби дин ва мансубияти миллӣ. Поёни мунозира.


Коргардонӣ ва муаррифии Салими Аюбзод - 83 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҳаққи кору иқомат дар Амрико шуданд. - Билоохира, мо аввал тоҷикем ва ё нахуст мусулмон? Ҷамъбасти баҳси як моҳи гузашта. - Як духтараки таҳқирдидаи покистонӣ президенти Покистон ва ҳукумати Амрикоро ба ташвиш овард. - Тақсими моликияти оилавӣ баъд аз талоқ. Назари раҳгузарон. - Мӯди нишастҳои хабарӣ дар силсилаи "Нишонаҳои айём".

ХАБАРИ САБЗ

Имсол барандагони лотореяи ҳаққи кору иқомат дар Амрико аз Тоҷикистон камтар шудааст. Аммо аз Ӯзбакистон беш аз 1 500 ва аз Гурҷистон, масалан, наздик ба 400 нафар дар ин бозӣ пирӯз шуданд. Толеъсанҷии мазкур, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ба хотири рангоранг сохтани таркиби миллии Иёлоти Муттаҳида доир мешавад, ки худро кишвари муҳоҷирон меномад. Эҳтимол меравад, майли муҳоҷират ба Амрико дар Тоҷикистон коҳиш ёфта бошад, дар баробари афзойиши он ба Русия. Ба гуфтаи ҳамнафаси мо дар Амрико Латифи Латифӣ, сабаби кам будани барандагон аз Тоҷикистон, кам будани ширкаткунандагони лоторея аст. Дар зимн ин ҳақ ба шаҳрвандии феълии шумо таъсир надорад ва фақат имкони сафари бераводид ба Амрико, муқим шудан дар ин кишвар ва ёфтани кору даромадро дар ин мамлакат фароҳам меорад. Чор соли охир дар толеъсанҷӣ одамон асосан ба воситаи интернет ширкат мекунанд. Ва баранда мешаванд.

ПОЁНИ БАҲС

Афсӯсу афсӯс, номаҳои ахири шумо, ҳамнафасони арҷманд, ба мӯҳтавои баҳси "аввал мусулмонем ва ё аввал тоҷик?", нуктаи наве ворид накард. Ҳамоно, ё аз аввалияти миллат сӯҳбат мешавад ва ё аз аввалияти дин. Ва акнун далелҳо низ мисли номаҳои пешина қавӣ ва андешамандона нестанд. Ин аломати муҳим аст, ки баҳс, бояд поён ёбад. Бо ҳамин фикру зикр, мо муаллифи аввалин номаро дар ин баҳс пайдо кардем, ки бо имзои Масрур, мунозираро оғоз ниҳода буд. Маълум шуд, ин кас, Масрури Абдуллоҳанд, донишманди тоҷик ва корманди Интернюс дар Душанбе. Аз ӯ пурсидам, навишта будед, ки ду мафҳум вазни баробар доранд, оё баъд аз хондани номаҳои дигар фикри шумо тағйир ёфт? Гуфт, баракс ақидааш қавитар шудааст, зеро ҷудо кардани ин ду мафҳум ба ҷуз тазод дар зеҳну дилҳо чизеро ба бор нахоҳад овард. Аммо барои рушди кишвари бе ин ҳам гирифтор ба мушкилот ягонагии афкор зарур аст ҳамчун мояи ваҳдат.

ДОСТОНИ ДУХТАРАКИ ПОКИСТОНӢ

Се сол пеш вай касе буд, ки, гуфта мешавад, бо дастури сарони як авлодӣ, мавриди таҷовузи гурӯҳӣ ба номусу иффат қарор гирифт. Ҳоло касест, ки дар бисёр кишварҳои хурду калон ӯро мешиносанд ва аз муборизаи ӯ пуштибонӣ мекунанд ва масъалаи ӯ дар сатҳи давлатҳо баррасӣ мешавад. Аммо, агар хомӯш менишаст, касе ҳам хабардор намешуд, ки ба сараш чи фалокате фуруд омадааст ва чигуна бояд аз ҳаққи худ дифоъ кард. Мухтор Маи бо вуҷуди таҳдид ва фишор парвандаро то додгоҳ расонд, вале замоне ки нашрияҳои ҷаҳонӣ дар бораи ӯ навиштанд, ҳукумати Покистон, инро зарба ба эътибори худ донист ва маҳкумонро озод намуд. Мардум дар кишварҳои дигар аз ин эътироз карданд, ҳатто ҳукумати чанд кишвар, ба монанди Иёлоти Муттаҳида. Президент Парвиз Мушарраф маҷбур гашт, мудохила намояд.

ЗАНОН ВА ҲАҚҚИ МОЛИКИЯТ

Дар яке аз барномаҳо ҳамкорамон Бароти Юсуфӣ иттилоъ медод, ки 78 дарсади занон баъд аз талоқ аз ҳаққи моликияти оилавӣ тақрибан маҳрум мешаванд, ҳол он ки ҳам қонунҳои дунявӣ ва ҳам шариати ислом инро нодуруст мешуморанд. Раҳгузарон дар Душанбе низ ба ҳамин андешаанд, вале изофа мекунанд, баъзан чунин вазъият бо айби худи занон низ ба амал меояд. Онҳо бо як гоми нодуруст худро дар ҳоле мегузоранд, ки наметавонанд, даъвои моликият кунанд. Вале ин масъала бештар ахлоқист, то ҳуқуқӣ. Яке аз онҳо пешниҳод кард, дар мактабҳо дарси оила ва хонадорӣ ба сифати баланд ба роҳ монда шавад, то ҷавонон ба мушкилоти рӯзгор омода бошанд. Дигаре гуфт, барои устувории оилаи тоҷик, ҷавонмардон бояд, калимаи "талоқ"-ро ба забон наоранд.

НИШАСТҲОИ БЕХАБАРӢ

Ҳамнафаси мо дар Душанбе, Абдураҳими Умарзод як ковише анҷом дод, то бубинад, ки дастури президент Эмомалӣ Раҳмонов дар таҳкими робитаи идора ва муассисаҳои давлат бо хабарнигорон дар се моҳи гузашта чи натиҷа додааст. Маълум гардид, баъзе вазорату идораҳо ба иҷрои намоишкоронаи дастур моиланд, то ба нашри маълумот ба хотири таъмини шаффофияти кор. Бархе дар нишастҳои хабарӣ маълумот медиҳанд, вале баъд аз он аз ҳар гуна тамос бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Бархи дигар танҳо расонаҳои давлатиро ба нишастҳои худ даъват мекунанд. Як журналист гуфт, беҳтарин дидорҳои матбуотӣ ононе буданд, ки ба муколама ва саволу ҷавоби озод фурсат медоданд.
XS
SM
MD
LG