Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи Ҳафта: Ҷумъабой Толибов


Таҳқиқи парвандаи Ҷумъабой Толибов, рӯзноманигор ва мудири бахши маьмурӣ ва ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ пас аз ду моҳи боздошт шудани ӯ ниҳоят ба итмом расида, барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Суғд ирсол гардид. Ба назар чунин мерасад, ки барои оҷилан анҷом ёфтани тафтишот, таваҷҷӯҳ зоҳир намудани раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба қазияи мазкур боис шудааст. Ҳафтае қабл оқои Раҳмонов дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки Ҷумъабой Толибов рӯзноманигори ҳирфаӣ нест ва иттиҳомоти алайҳи вай эълоншуда марбут ба фаъолияташ дар мақоми давлатист: "Ман ин қазияро бодиққкат омӯхтам. Ва тибқи иттилоъе, ки дорам, ӯ журналисти ҳирфаӣ нест. Аз ин рӯ чаро шумо обрӯи рӯзноманигоронро доғдор мекунед?"

Ба дунболи ин изҳороти президент Раҳмонов, рӯзи дигар додситонии кулли кишвар иттилоъияе нашр кард ва гуфт, боздошти Толибов ба фаъолияти рӯзноманигорияш рабт надошта, ӯ ба ҳайси корманди ҳукумати ноҳия дар сӯъиистифода аз мансаби давлатӣ ва авбошӣ муттаҳам мешавад. Хосият Дадаҷонова, намояндаи дафтари матбуоти Додситонии кулл дар ин робита гуфт: "Дар арафаи тафтишоти пешакӣ айбдоршаванда Толибов барои муқаррар кардани ҳақиқат оид ба парвандаи ҷиноятӣ монеъ шуда, ба шоҳидон фишор овард ва ба пурсиши муфаттишон ҳозир нагардид. Аз ҳамин сабаб нисбат ба айбдоршаванда Ҷумъабой Толибов чораи пешгирии ҳабс татбиқ карда шудааст."

Дар ҳамин ҳол, Тилав Расулзода, хабарнигори мустақил мегӯяд, агар Ҷумъабой Толибов дар бораи фаъолияти додситонӣ, ки як мақоми пурқудрати кишвар аст, на силсилаи мақолаҳои интиқодӣ, балки матолиби ситоишӣ менавишт, ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ боздошт намекарданд. Ҳамзамон Марат Мамадшоев, корманди созмони «Интернюс Нетворк», ки ҷиҳати таҳқиқи қазияи Ҷумъабой Толибов ҳамроҳ бо панҷ хабарнигори дигар ба ноҳияи Айнӣ сафар карда буд, мегӯяд, боздошти оқои Толибов маҳз барои нашри матолиби интиқодияш бар зидди додситони ноҳия сурат гирифтааст: "Шикояти Ҷумъабой Толибов дар мавриди он ки додситони ноҳия ӯро дар утоқи корияш мавриди латукӯб қарор додаст, муман баррасӣ нашудааст. Дар ин бора ба мо раиси ҳукумати ноҳия Мавҷуда Бобоева, ҳамчунин роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия иттилоъ доданд. Ва ин ки додситонии кули кишвар чунин иттилоия пахш намудааст, ба андешаи манн, он изҳороти қабл аз вақт буда, додситонӣ аз манофеи худ дифоъ мекунад. Дигар ман шубҳа дорам, ки акнун додситонии кулли кишвар парвандаи мазкурро объективона ва мустақил таҳқиқ намояд."

Ва аммо дар номаи ҷавобии Додситонии кулли Тоҷикистон ба шикояти Ҷумъабой Толибов чунин омадааст: «Муроҷиати шумо дар мавриди муносибати ғайриқонунии додситони ноҳияи Айнӣ Собит Аъзамов санҷида шуд. Аснои тафтишот Аъзамов гуфт, алайҳи шумо ягон рафтори ғайриқонунӣ накардаааст ва ба шумо ҳамла наовардааст. Далелҳои амалкарди ғайриқонунии додситонро дар нисбати Шумо, ба ҷуз худи шумо дигар касе тасдиқ карда натавонист».

Вале Марат Мамадшоев, корманди созмони «Интернюс Нетворк» мегӯяд, унвонии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ноҳияи Айнӣ аз номи 260 сокини деҳоти маҳаллӣ номаи дархостӣ оид ба мусоидат кардан дар раҳоии Ҷумъабой Толибов аз маҳбас ворид шудааст. Дар он мактуб, ки ба номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов нигошта шудааст, сокинон менависанд: «Мо Толибовро хуб мешиносем ва медонем, ки ӯ ҳамеша ҷонибдори ҳақиқат аст ва барои адолат талош меварзад. Ин бошад, ба додситони ноҳия Собит Аъзамов хуш намеомад ва додситон аз мақомаш сӯйистифода намуда, Толибовро сиёҳ мекунад. Мо хоҳиш мекунем, барои озодшавии Ҷумъабой Толибов чораҳо андешед».

Дар ҳамин ҳол, мақомоти додгоҳи вилояти Суғд гуфтаанд, парвандаи Ҷумъабой Толибов, рӯзноманигор ва корманди масъули ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои наздик мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегирад. Оқои Толибов тибқи се моддаи Қонуни ҷиноии кишвар - сӯъиистифода аз мақоми хизматӣ, авбошӣ ва нақзи шарти дахлнопазирии манзил муттаҳам дониста мешавад. Вале Марат Мамадшоев, корманди «Интернюс», ки чанде пеш бо худи Ҷумъабой Толибов вохӯрдааст, мегӯяд, Толибов ба мунсифона баррасӣ шудани парвандааш дигар эътимод надорад.
XS
SM
MD
LG