Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиатдӯстони Кӯлоб аз фоҷеаи экологӣ бонги хатар мезананд


Тибқи иттилоъи расмӣ дар водии Кӯлоб беш аз 5000 навъ ниҳолу дарахтон будаанд. Табиатшиносон мегӯянд, ин теъдоди растанӣ, ки усулан хоси табиати мавзеъанд, гавҳари флора ва фауна, ё олами наботот ва ҳайвонотро таъсис додаанд ва ба гурӯҳи растаниҳои дараҷаи оливу паст шомиланд. Тилло Бобоев, номзади илми табитшиносӣ ва садри боғи набобототи Кӯлоб мегӯяд:
«Растаниҳои дараҷаи дуввум, ки хеле заъиф ва осебпазиранд, гавҳари ҳифозат ва ҷавшани дарахтони дараҷаи авваланд. Ба гунаи мисол, як замбурӯғи хурдҳаҷм ва ё як ширеш, ки бар Тани Тус ё Булути 200 сола аст, ин дарахтро аз кулли офатҳои табиӣ эман медорад. Ва аммо боғдорону фермерҳои нав, ки дар бархе маврид, аз илми табиатшиносӣ комилан бехабаранд, новоқифона ин растаниҳои дуввумдараҷаро аз боғу роғ маҳв мекунанд.»

Табиатшиносон мегӯянд, маҳви онҳо метавонад як фоҷеаи экологӣ ба бор орад. Тилло Бобоев бар назар аст, ки «Барои ҳифзи замбурӯғу обсабзаву гулсангу ширешҳо, ё ба истилоҳи дигар муҳофизони ҷангалзорҳои кӯҳӣ бояд як барномаи вижаи давлатӣ рӯи кор ояд. Ва парвариши ин анвоъи растанӣ ба таври сунъӣ роҳандозӣ гардад. Дар сурати акс имкони талафи ҷангалзорҳо дар мавзеъ ҷой дорад»

Дар мавзеъи Сари Хосор, Дашти Ҷам ва Панҷи Поёни Хатлон мамнӯъгоҳҳои табиӣ ҳастанд, ки дар онҳо дарахту буттаҳои нодир парвариш меёбанд. Ва аммо коршиносон мегӯянд, ин мамнӯъгоҳҳо, ки танҳо ба ном мавҷуданд, худ дар вартаи бӯҳронӣ қарор доранд. Зеро дарахтзору ҷангалҳо аз ҷониби табарбадастони водӣ бераҳмона маҳв мегарданд. Перомуни маҳви сартосарии ҷангалзорҳо аз сӯи хоҷагиҳои нави фермерӣ ва ҳезумфурӯшон идории бозрасии муҳити зист низ бонги изтироб задаст. Ҳасан Амиров- сардори ин ниҳод дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ҳини гузаронидани амалиёти «Фаврӣ, садҳо нафар бо иттиҳоми дарахтбурӣ боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд».

Ва аммо вазъ дар маҷмӯъ бетағйир мондааст. Ва агар то 5 сол қабл ҷангалҳоро дар фасли сармо мебуридаанд, пас ҳоло дарахтбурӣ касб шудааст ва теъдоди нафароне, ки аз ҳисоби фурӯши ҳезум ба сар мебаранд, аз 100 нафар беш аст ва онҳо ҳамарӯза ҷангалҳоро бурида, ба таббохони ошхонаву тарабхонаҳо ба фурӯш мезананд. Хайрулло Тоҳиров, сардори осорхонаи табиат мегӯяд, «Бар асари бурридани Булуту Тӯсҳои 200, 300 сола, бархе аз ҳаявону паррандагони нодир нест мешаванд». Ҷаноби Тоҳиров ба гунаи мисол меафзояд, бо маҳв шудани Чормағзу Булут ва Чанору Тусҳо Бумҳои Калонҳаҷм, ки дар ҳамин дарахтон ошён мегузошатаанд, минтақаро тарк кардаанд.

Тилло Бобоев мегӯяд, дар мавзеъи кӯҳманзари Кӯлоб се навъи Тус, бузургтарин дарахт мавҷуд аст, ки дигар насл намедиҳанд. Ҷаноби Бобоев меафзояд, «Ниҳолҳои кӯчаки ин дарахтони нодирро чорвои фермерҳо нест кардааст. Қонуни табиат аст, ки Тусро пас аз 200 сол навниҳоли ӯ иваз мекунад. Аммо ин ниҳол чун насл надорад, ба оҳистагӣ маҳв мегардад. Ҳамин моҷаро сари арчаҳои Зарафшониву Туркистонӣ, ки дар баландкӯҳҳо мерӯянд, ҷой дорад».

Каинкак, кезелингер, бодомҳои бордору бухороӣ, атрофаксис, чузбанд, кулох, писта, шулаш ( арғувон), булут, тус, камолак, эремирус, муҷах, санавбар, арча, ва беш аз 500 номгӯйи дигари олами набототи Кӯлоб, ба иттилоъи табиатшиносн зери хатари маҳв қарор доранд. Танҳо ин далел, ки новобаста ба кӯшишҳои пайгиронаи олимон аз соли 1992 то кунун дар Боғи набототи мавзеъ бо сабаби адами обанбори махсус 400 навъ ниҳол маҳв гардидааст, беҳтарин бозгӯи вазъи бади олами наботот дар водии Кӯлоб мебошад.
XS
SM
MD
LG