Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комил Холов: Аз мактаби махсус то "Минбари Ҷавонон" ва то мактаби сиёсат


Қаҳрамони гузориши ман - Комил Холов 21 сол дошта, дар ҳоли ҳозир муовини аввали раҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявии атфоли душвортарбия ва ҳамзамон таҳиягар ва муҷрии барномаҳои ҷавонии телевизиони Тоҷикистон аст. Дар ин мактаби махсус беш аз 100 нафар хонанда таҳсил ва ҳудуди 30 нафар омӯзгор фаъолият мекунад.

Аз Комил мепурсам, ки чӣ гуна метавонад кори чунин як идораро ба низом дарорад? Ӯ мегӯяд: «Коллективро метавон идора кард, агар ҳусни тафоҳум бошад. Нахуст ман кӯшиш мекардам, ки ҳамаи амалу ҳолати кормандонро дар асоси қонуни кори кишвар барассӣ намоям. Аммо дар таҷриба дарк намудам, ки меъёрҳои ахлоқӣ аз меъёрҳои ҳуқуқӣ бартарӣ доштаанд.»

Комил мегӯяд, дар 40 соли фаъоляити мактаби махсус барои атфоли душвортарбия қоидаҳои вижа муайян шуда буданд, ки хеле сангин ва то андозае бераҳмона буданд. Лекин садорати нави мактаб тартибу низоми мактаби мазкурро ба маротиб содда кардааст: «2 сол қабл барои вайрон намудани тартиботи дохилӣ хонандагонро ба ҷазоҳои вазнин гирифтор мекарданд. Барои мисол, дар хонаҳои хурди торик то 3 шабонарӯз маҳкам мекарданд.»

Комил журналисти телевизион ҳам ҳаст ва барномаҳои «Минбари ҷавонон» ва «Таҳқиқоти журналистӣ»-ро дар симои давлатӣ таҳия мекунад. Ӯ мегӯяд: «Барномаҳои ман саропо аз ҳаёти ҷавонанд. «Минбари ҷавонон» дар бораи ҷавонони муваффақ қисса мекунад. Барномаҳои таҳқиқотиам бошад, мушкилоти ҷавононро дар бар мегиранд, ки дар асоси асноду арқом таҳия мешаванд.»

Чанде қабл барои нахустин бор дар шакли нав Комил дар телевизиони давлатӣ дар мавзӯъи танфурушӣ миёни ноболиғон барномае омода намуд, ки аз ҷониби садорати ТВ баҳои баланд гирифт. Одатан дар телевизионҳои маҳаллӣ ба чунин мушкилоти доғи рӯз кам таваҷуҳ мекунанд. Комил мегӯяд, сабаби дар барномаҳои телевизионӣ кам матраҳ шудани мушкилоти иҷтимоӣ камҷуръатиии худи журналистон будааст: «Журналистика ин ҷасорат аст ва тарс набояд дар вуҷуди журналист маскан гирад. Зеро журналист масъалаеро мебардорад, ки шахсони масъул нодида мегиранд ва ҷасорати журналист як бори дигар онҳоро маҷбур месозад, ки мушкилро нодида нагиранд.»

Дар интихоботи ахири парлумонӣ Комил низ номзадии худро ба маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод намуд, аммо пирӯз нашуд. Аммо ӯ мегӯяд, ноумед нагаштааст, балки дар интихоботҳои баъдӣ ҳам ширкат хоҳад ҷуст: «Бо мушкилоти табақаҳои гуногуни ҷомеъа ошно шудан мактаби бузург аст. Ҳарчанд ман дар ин интихобот пирӯзиро ба даст наовардам, аммо барои худ як мактаберо гузаштам, ки бароям ҷаҳони наверо кушод.»

Комил мегӯяд, имрӯз ҷавонон ба сиёсат таваҷҷуҳи кам доранд, зеро шахсони масъул ба онҳо эътимоди зиёд надоранд ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии онҳо чандон кӯшиш намекунанд.Комил имсол риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Миллиро бо дипломи аъло хатм намуд ва мехоҳад акнун таҳсилро дар аспирантура идома диҳад ва баъдан иттиҳодияе ҳам созмон диҳад, ки ҳадафаш дастгирии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои сиёсӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG