Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликияти зеҳнӣ - чист он?


Бозоралӣ Одинаев, коршиноси моликияти зеҳнӣ гуфт, ба иллати ин ки ширкатҳои Тоҷикистон иҷозатномаи фурӯши байналмилалӣ ё патенти байналмилалиро надоранд, наметавонанд моли истеҳсоли худро дар берун аз Тоҷикистон ба фурӯш гузоранд.

"Умуман, системаи ҷомеаи имрӯзаи мо ба роҳ мондани қонунҳои моликияти зеҳнӣ, бахусус қонунҳои моликияти саноатиро кам дарк мекунад. Мисоли оддӣ, агар дар Тоҷикистон вақте, ки ҳамкорӣ байни гумрук ва идораи патентӣ бошад, бисёр молҳое, ки ба давлати мо, ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд, онҳо метавонанд, ки ба бӯҷаи давлат ҳамчун боҷ пул супоранд."

Ҷаноби Одинаев афзуд, яке аз масоили ҷиддие, ки ширкатҳои Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ ҳастанд, ин мавзӯъи моликияти зеҳнӣ мебошад. Моликияти зеҳнӣ - як илми хоси таҷрибашуда дар иқтисоди байналмилалӣ аст, ки ба тозагӣ дар макотиби риштаи иқтисоди Тоҷикистон омӯхта мешавад. Доктори тиб, Юсуф Нуралиев, барандаи нишони тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мафҳуми моликияти зеҳниро ин тавр шарҳ дод:

"Моликияти зеҳнӣ - он боигарие, ки фарз кардем, ҳар як олим ё муаллиф, шоир, санъаткор, сохтмончӣ, ё наққош меофарад ва ӯ метавонад, соҳиби чизи офаридааш шавад. Мисол, ман, ки дору ихтироъ кардаам, он кашфиёт моликияти зеҳнии ман ҳисоб мешавад. Ва мувофиқи қонунҳои байналмилалию ватанӣ мо соҳиби он моликияти зеҳнӣ ҳастем."

Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Наҷмиддинов, раҳбари маркази патенту иттилоти Тоҷикистон гуфт, дар зарфи фаъолияти ин марказ ҳудуди 870 ариза дар мавриди ихтироот ва намунаҳои саноатӣ ворид шудааст. Ҷаноби Наҷмиддинов афзуд, шӯрои ин марказ то кунун ҳамагӣ 70 номаи шикоятии эҷодкоронро баррасӣ кардааст. Ба қавли Шарофиддин Наҷмиддинов, мавзӯи моликияти зеҳнӣ дар кишвар ба як масъалаи муҳим табдил меёбад.
Ба назари иқтисодшиносони тоҷик, дар чунин шароите, ки ихтироъкорон ва масъулини ширкатҳои Тоҷикистон то ҳол иҷозаи расмии Созмони ҷаҳонӣ дар умури шаҳодатномаи фурӯшро надоранд, ширкатҳо ва соҳибкорони хориҷӣ бо истифода аз ин холигоҳ маҳсулоти худро вориди бозори Тоҷикистон мекунанд. Бозоралӣ Одинаев, коршиноси соҳаи иқтисод мегӯяд, ба манфиати Тоҷикистон нест, ки ширкатҳои хориҷӣ маҳсулоти худро вориди ин кишвар кунанду соҳибкорони тоҷик имкон надошта бошанд, то амволи худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш монанд.

"Аз нуқтаи назари иқтисод гӯем, ин ба зарари кор аст. Вакте, ки мубодилаи бор афзуд, иқтисод ҳам пеш меравад, пул ҳам зиёд мешавад, воридот ҳам ба Тоҷикистон зиёд мешавад."

Гуфтанист, истилоҳи моликияти зеҳнӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон нав аст ва ба ҷуз иқтисоддонҳо ва гурӯҳи маҳдуди коршиносон, оммаи мардум ба дарки ин ибора намераванд. Дар робита, қарор аст, ояндаи наздик ин соҳаи илми иқтисод дар шаш мактаби олии кишвар ба роҳ монда шавад.
XS
SM
MD
LG