Мустафо Муин, номзади умдаи ислоҳталабони эронӣ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар баёнияе, ки ба Шӯрои Нигаҳбони Инқилоби Исломӣ ирсол кардааст, хостори ба таъвиқ андохтани даври дуввум ва ниҳоии интихобот то замони расидагӣ ба кулли мавориди нақзи муқаррарот дар даври аввали ин раъйгирӣ шуд.
Мустафо Муин бо ёдоварӣ аз мавридҳои фаровони тахаллуф дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро гуфт, даври аввали раъйгирӣ мутобиқ ба як интихоботи озоду мунсифона набуд.
Дасти кам се номзад аз ҳафт нафаре, ки дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон вориди рақобат шуданд, расидагӣ ба мавориди нақзи қонун дар ҷараёни ин маъракаро тақозо кардаанд. Шӯрои Нигаҳбон розӣ шуд, чанде аз ин мавридҳоро баррасӣ карда ва орои мардумро дар ҳавзаҳои Теҳрону Қум ва Исфаҳону Машҳад аз нав бишумурад. Вале мақомоти ин ниҳоди муҳофизакор мегӯянд, расидагӣ ба ин маворидро то поёни рӯзи душанбе, 20 июн ба поён хоҳанд овард ва ба ин далел, зарурате барои таъвиқи замони баргузории даври дуввум ва ниҳоии интихобот боқӣ намемонад.
Бино ба натоиҷи расмӣ, дар даври аввали интихоботи раисиҷумҳури ҷадиди Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки то соли 1997 ду давра раисиҷумҳури Эрон буд, ва Маҳмуди Аҳмадинажод, мири пойтахт, шаҳри Теҳрон, орои бештари мардумро ба даст оварда, роҳии даври дуввуми интихобот шуданд. Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз мардуми Эрон даъват кард, дар даври дуввуми интихобот дар муқобили ба гуфтаи вай, "тундгароӣ" бо мушорикати густарда дар интихобот аз номзадии ӯ ҳимоят кунанд. Дар ҳоле ки бисёре аз ҷиноҳҳои муҳофизакор дар паси мири Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷамъ шудаанд, бархе аз раҳбарони ислоҳталабони эронӣ аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, дар даври дуввуми интихобот дар атрофи Алиакбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки номзади муътадил ба шумор меравад, муттаҳид шаванд.
Аммо Маҳдии Каррубӣ, раиси порлумони собиқ, ки дар даври аввали интихобот танҳо ба мақоми севвум расидааст, бо нашри як номаи саркушода ба номи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз мақомоти низомии кишвар интиқод кардааст, ки ба ақидаи Маҳдии Каррубӣ, бо нақзи муқаррарот аз номзадии мири шаҳри Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод пуштибонӣ кардаанд. Ба думболи нашри ин номаи саркушода, "Иқбол" ва "Офтоби Язд", ду нашрияи ислоҳталабон тавассути қувваи қазоияи Теҳрон баста шуд.
Амрико наҳви баргузории даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро тамасхур ба демократияе номид, ки мардуми Эрон мехоҳанд. Аммо вазири хориҷаи Эрон Камоли Харрозӣ интиқодҳои Амрикоро як омили дигаре ном бурд, ки ба ақидаи вай, ба чунин мушорикати густардаи мардум дар даври аввали интихобот мусоидат кардааст. Камоли Харрозӣ гуфт: "Амрикоиҳо исбот карданд, ки сиёсатмадорон ва пешгӯёни хубе нестанд. Ва эъломияи оқои Буш кӯмак кард ба инҳое ки тасмим надоштанд ба ширкат дар интихобот, дар интихобот мушорикат бикунанд." Вале вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, фикр намекунад, ки ин маърака Эронро ба сӯи демократия наздиктар бурда бошад. Хонум Райс қонунияти ҷараёни интихоботи раисиҷумҳури Эронро ба боди танқид кашид, ки тибқи он, ниҳодҳои ғайримунтахаб монеъи ширкати беш аз 1 000 номзад, бо шумули куллия номзадҳои зан, дар интихоботи рӯзи 17 июн шуданд.
Бо ин ҳол, даври дуввум ва ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба рӯзи ҷумъаи 24 июн муқаррар шудааст. Ду номзади барандаи даври аввал - Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод - дар ин давр барои дарёфти курсии раисиҷумҳури Эрон вориди рақобат хоҳанд шуд. ба ақидаи нозирон, ин даври интихобот ба як сабқати сахте байни исломи муътадил ва исломи оштинопазир табдил хоҳад ёфт.