Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди кишварҳои форсизабон?


«Зиндагӣ» бо интишори матлабе бо номи «Журналист дар маҳбаси Айнӣ» қазияи боздошти рӯзноманигори тоҷик Ҷумъабой Толибовро пайгирӣ кардааст ва дар ин робита навиштааст, чанд сол боз мақомот дар Тоҷикистон аз бегуноҳ зиндонӣ кардани рӯзноманигорон худдорӣ менамуданд. Аммо додситони ноҳияи Айнӣ бархилофи ин ҳама исбот кардааст, ки ӯ қодир аст, ҳар нафари ситорааш номақбулро пушти маҳбас нишонад, навиштааст нашрия. «Зиндагӣ» дар канори матлаби ёдшуда ҳамчунин номаи Ҷумъбой Толибовро унвонии сардабири ин нашрия ба чоп расонидааст. Дар ин нома рӯзноманигори зиндонӣ навиштааст, мақомоти додситонӣ барои дифоъ аз кормандони худ ба ҳар кор қодиранд ва ҳудуди қонун намешиносанд.Ҷумъбой Толибов дар поёни номааш ин суолро матраҳ кардааст, ки то ба кай рӯзноманигорон барои гуфтани сухани ҳақ аз ватан фирор ва зери таъқиб қарор мегиранд.

Нашрияи русизабони «Вечерний Душанбе» низ ба мавзӯи боздошти Ҷумъабой Толибов пардохта як саҳифаи пурраи худро ба нашри номаи ирсолии рӯзноманигор аз боздоштгоҳ ихтисос додааст. Дар ин нома, муаалиф ҷузъиёт ва далоили боздошти худро муфассал шарҳ дода иброз доштааст, касоне ки муваззаф ба ҳифзу риояти қонунанд, худ мутаассифона, қонуншиканӣ менамоянд.

«Азия - Плюс» зимни интишори матлабе дурнамои иттиҳоди кишварҳои муштаркулманофеъро норӯшан арзёбӣ намудааст. Ин нашрия дар пасманзари чунин вазъ идеяи ташкили иттиҳод миёни кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро матраҳ кардааст. Аммо ба эътиқоди муаллифи матлаб, ташкили чунин иттиҳодро ба эҳтимоли зиёд, Русия ва Амрико нахоҳанд пазируфт. Гузашта аз ин, таъкид менамояд муаллиф, вуҷуди ихтилофоти дохилии се кишвари форсизабон талоши онҳоро дар роҳи ташкили иттиҳоди воҳид бомушкил рӯ ба рӯ месозад.

«Дастгирии Амрико аз демократия маънии зиддиисломиро надорад». Бо ин ном «Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сӯҳбати хабарнигори худ бо Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Душанберо ба чоп расонидааст.Ричард Ҳоугленд дар ин мусоҳиба таъкид намудааст, пуштибонии Амрико аз демократия ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанбаи зиддиисломӣ надорад. Сафири амрикоӣ ба ҷанги салибӣ нисбат додани ин иқдомро рад намуда афзудааст, мардумсолорӣ -беҳтарин низоми таъминкунандаи суботи сиёсиву иқтисодӣ дар дунё ба ҳисоб меравад.

«Народная Газета» навиштааст, сафорати Русия дар Тоҷикистон ба вазорати умури хориҷаи ин кишвар номаи эътирозӣ ирсол доштааст. Дар ин нома, сафорати Русия таъкид доштааст, иддаъои нашрияи «Тоҷикистон» роҷеъ ба қарздор будани низомиёни рус барои истифодаи газу барқ дар Кӯлоб беасос аст.Аммо нашрияи «Тоҷикистон» бо интиқод аз номаи эътирозии сафорати Русия дар Тоҷикистон навиштааст, комилан бо он мувофиқ нест. «Тоҷикистон» бо таъйиди дубора таъкид намудааст, ки низомиёни рус дар Кӯлоб солҳо боз ҳаққи масрафи барқ ва газро пардохт накардаанд. Ва ҳамакнун низ аз пардохти он саркашӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG