Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳҳоби Латиф, нахустин хабарнигори маҳкумшудаи тоҷик


Агарчанд додгоҳ Ваҳҳоби Латиф, муовини собиқи сардабири аз нашр бозмондаи "Нирӯи Сухан"-ро роҳии зиндон накард, вале ӯро тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба як соли умури ислоҳӣ ва нигаҳ доштани 30 дарсади маош маҳкум кард, ки чун доғи маҳкумият дар номи аъмолаш сабт хоҳад шуд. Агарчанд дар гузашта идораи рӯзномаҳо аз ҷониби додгоҳҳо барои ахбори таъйиднашуда ҷарима шудаанд, аммо барои аввалин бор аст, ки як хабарнигор дар Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳ барои фаъолияти хабарнигориаш тибқи қонуни ҷиноӣ маҳкум мешавад.

Асомуддин Абдураҳимов, қозии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ: "Одинаев бо қисми яки моддаи 322 Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуд ва нисбат ба ӯ дар асоси раводиди моддаи мазкур ба мӯҳлати як сол корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муқаррар мекунанд, бо нигоҳ доштани 30 фоизи музд ҷазои ҷиноятӣ таъйин карда шуд."

Аммо Ваҳҳоби Латиф, муовини собиқи сардабири "Нирӯи Сухан", нашрияе, ки акнун аз чоп боз мондааст, мӯътақид аст, ки маҳкумияти ӯ як навъи эъмоли фишор болои матбуоти мустақил аст: "Ин фишор ба матбуоти озодандеш аст, зеро дар рафти ин мурофиа таҳлили ҷиддии додгоҳи бурда нашуд. Масалан, пайдо накардани муаллифи мақола ва масъулияти онро ба гардани мудири ин ё он шӯъба гузоштан нодуруст аст."

Бо ин вуҷуд, Ваҳҳоби Латиф, хабарнигори маҳкумшудаи тоҷик бо чеҳраи заъфаронӣ ва ранги парида мегӯяд, қасд надорад, ки ба додгоҳи таҷдиди назар аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бубарад. Ӯ мӯътақид аст, ки мубориза феълан натиҷа намедиҳад, вале замоне фаро хоҳад расид, мегӯяд ӯ, ки ноодилона будани ҳукми додгоҳ собит ва доғи судии ӯ шуста шавад.

"Нирӯи Сухан" бори дуввум аст, ки мурофиаи додгоҳӣ бо як устоди Донишгоҳи Миллиро мебозад. Бори аввал додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як парвандаи ҷиноӣ ин нашрияро 50 000 сомонӣ ба нафъи устоди ҳуқуқи донишгоҳ ҷарима кард. Рӯзномаи мазкур бо нашри матлабе устоди донишгоҳро дар ришваситонӣ муттаҳам намуда буд, ки дар додгоҳ натавонист, ин иддаоро собит кунад. Ва инак боз ҳам барои иттилоъи барғалат ва боз ҳам дар мавриди ҳамон устоди донишгоҳ, ки устоди бисёре аз қозиёни додгоҳҳои Тоҷикистон низ ҳаст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки ниҳоят ба маҳкумияти хабарнигори "Нирӯи Сухан" мунҷар шуд.

Ваҳҳоби Латиф аслан барои хунукназарӣ ё масъулиятносиносӣ маҳкум шудааст. Ӯ ба нашри матлабе иҷоза додааст, ки муаллифаш номаълум аст ва тафтишот низ ҳайсияти муаллифро натавонист собит кунад. Ва ниҳоят масъулияти ин мақолаи бо имзои мустаор бар дӯши Ваҳҳоби Латиф уфтодааст. Ва ӯ мегӯяд, дар замони нашри ин мақола танҳо масъулияти мудири шӯъбаро бар дӯш доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷовиди Муқим, яке дигар аз мудирони шӯъбаи собиқи "Нирӯи Сухан" низ ин ҳукми додгоҳро як тасмими сиёсӣ медонад, то қарори ҳуқуқӣ: "Аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ ба таври пӯшида як фишоре нисбат ба матбуоти мустақил ба назар мерасад. Албатта, ин бесабаб нест. Набояд фаромӯш кунем, ки соли оянда интихоботи раисиҷумҳур сурат мегирад ва албатта,баъзе мансабдорон кӯшиш доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомиаро дигар кунанд ва ин аз ҷумла бо роҳи фишор ба матбуоти озод рӯи кор меояд."

Аммо Марат Муҳаммадшоев, рӯзноманигори дигари тоҷик мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ ҳушдор медиҳад, ки рӯзноманигорон бояд дар амалкардҳояшон дақиқ ва бомасъулият бошанд: "Мақола нашр мешавад, ки фалон ҳуқуқшинос ришва мегирад ва нашрия ин иддаоро наметавонад собит кунад. Зиёда аз ин дар ҷараёни баррасӣ худи муаллиф ғайб мезанад. Ман фикр мекунам, ки дар чунин маврид мақомоти додгоҳ барои содир намудани як чунин ҳукм ҳаққ доштанд. Як усули журнолизм ҳамин аст, ки бояд чизеро гуфт ва навишт, ки баъдан битавонӣ ҳақиқати онро собит кунӣ."

Аммо феълан ҳақиқат ин аст, ки дар мурофиаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бар як устоди ҳуқуқи донишгоҳ, ки устоди солхӯрдаи аксари қозиёни тоҷик аст, як хабарнигор, он ҳам шахсияти камтар шинохташуда, натавонистааст пирӯз шавад. Аммо ҳақиқат ҳар чӣ ҳам бошад, ба ақидаи соҳибназарон, маҳкумияти як хабарнигори тоҷик ва он ҳам тибқи қонуни ҷиноӣ зеҳниятҳоро такон дода ва дубора худсонсуриро дар фазои матбуоти Тоҷикистон ҳоким хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG