Имрӯзҳо ҳарфи аввал дар лабони ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик барномаи консертии Радиои Озодӣ аст. Овезаҳои консерт дар тамоми гӯшаву канори Душанбе садҳову садҳо нафарро раҳнамун ба дафтари Озодӣ месозанд ва гӯшиҳои телефонҳои дафтари радио аз зангҳо ҳеҷ қарор надоранд. Ва чӣ қадар таассуфҳо шунида мешавад, ки аллакай даъватномаҳо тақсим шудаву дигарон имкони тамошои консертро надоранд. Дар тӯли ҳамагӣ бештар аз як рӯз ҳудуди ҳафтсад даъватнома миёни ҷавонон тақсим шуд.
Ҷавонон мегӯянд, консерти аввали «Ояндасоз» дар охири моҳи октябри соли гузашта хеле ҷолибу рангоранг ва бо як стили барои Тоҷикистон нав таҳия шуда буд ва онҳо боз ҳам бо умеди дидани шоуи рангоранг ва сюрпризҳои мубтакирони консерти ҷадид ҳастанд.
Мубтакирон мегӯянд, дар консерти ҷадид барномаҳои ҷадид ва сюрпризҳои ҷадид тамошобинонро интизор аст.
Консерти барномаи «Ояндасоз»-и радиои Озодӣ рӯзи 7 июн дар толори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавад. Дар ин консерт тозатарин оҳангу таронаҳои овозхонону мутрибони шинохтаи поп - Ҳабиб Ҳакимов ва гурӯҳи «Фарзин», Дилноз Каримова, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс» садо хоҳад дод.
Ва дар баробари ин, боз..., «боз»-ашро намегӯем, танҳо инро мегӯем, ки агар даъватнома доред, марҳабо ба консерт ва агар даъватнома надоред ва ё берун аз Душанбе ҳастед, пас мунтазири нашрҳои нави барномаи «Ояндасоз» ва ахбори тозаи саҳифаи интернетӣ бошед.

хуб мешуд мушкилиро хал мекардед на ин кт бо нишон додани афсарон балки бо сухбати мардум. ин афсаронамизодаи ин ватананд. афсуски намефахмед
Рохи студентхо кай кушода мешавад?
Барои чи ягон журналист савол намедихад дар вакти мачлис е баромадаш ба президент ки пулхои карз гирифтаро кай месупоред еки Давлат метавонад аз ухдаи ин миллиард доллар карзхо барояд то ки мардум фахманд
Интернети 250 гузарони не кух халал мерасонад не мавч
Чихел паст ман шумода ҳайрон.Ман Билаен истифода мебарам дар як моҳ панҷо сомони интернет чорҷи як моҳ бепул шабу рӯз боз 100 минут ба дигар тарафҳо