Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорону мухолифони ҳиҷобпӯшӣ дар Тоҷикистон


Солҳои ахир дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе занону духтарони ҳиҷобпӯш нисбат ба солҳои қабл, бештар ба чашм мерасанд. Бархе аз мардум инро нишони демократия медонанд, аммо иддаи дигар инро зарурати динӣ меҳисобанд. Афроде бар инанд, ки баъзе аз занҳо ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи атрофиён ҳиҷоб мепӯшанд.

Шамсия Комилова - донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Душанбе мегӯяд, хонаводааш тақводор аст, ӯ низ аз дини Ислом ва китоби муқаддаси Қуръон ба хубӣ огаҳ аст, аз ин рӯ, бо назардошти талабот ва таълимоти дини Ислом, ки дар он омадааст, бояд андом ва ҳусни зан аз назари мардони номаҳрам пинҳон ва пӯшида бошад, бидуни ҳиҷоб, ба кӯча намебарояд.

Шамсия мегӯяд: "Ин талаботи дини Ислом аст ва ман ба онро ба ҷо меорам. Пӯшидани ҳиҷоб барои ман ифтихор нест ва ман талаби дини худро иҷро мекунам."
Хонум Шамсия ҳамчунин афзуд, бархе аз духтароне ҳастанд, ки ҳиҷобро ҳамчун воситаи худнамоӣ ё ҷалби таваҷҷӯҳи атрофиён истифода мекунанд. Вай мегӯяд, шояд ба ҳамин хотир бошад, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷавонон ба ӯ каҷ нигоҳ мекунанд ва ё носазо мегӯянд, ки боиси озораш мегардад.

Мусоҳиби дигари мо, ки худро Ганҷина муаррифӣ кард, мегӯяд тақводорӣ бояд дар қалби инсон бошад, на дар зоҳири ӯ. Ганҷина бар ин аст, ки ҳиҷоб наметавонад, нишонаи диндории зан бошад: "Баъзеи духтарон ҳиҷобро бо ороишҳои беш мепӯшанд ва диққати дигаронро ҷалб мекунанд."

Аммо назари мардҳо доир ба ҳиҷоб чист? Асрор Абдуқодиров як сокини пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфт, муҳим нест, ки духтарони тоҷик чӣ мепӯшанд, ҳиҷоб, ё либоси дигар, диндоранд, ё на, аммо ба назари ӯ бояд духтарони тоҷик пӯшидатар бошанд. Ҷаноби Абдуқодиров мегӯяд, аксари мардуми тоҷик, бахусус мардҳо занеро, ки нимурён ба кӯча мебарояд, ҳамчун зани сабукпо мешиносанд ва эҳтиромаш намекунанд.

Ҳамсуҳбати навбатии мо бо номи Саъбагул 18 сол дорад. Вай ба мо гуфт, соли қабл ӯро як хонаводаи сарватманду шинохта хостгорӣ кард, пас аз гирифтани розигии ӯ ва падару модараш, ҷониби домод пешниҳод карданд, ки Саъбагул ба хонаи онҳо танҳо бо ҳиҷоб метавонад ворид шавад ва бе он ба кӯча набояд барояд. Саъбагул мегӯяд, вай ин хостгориро қатъиян рад кардааст ва туй барпо нагаштааст. Саъбагул афзуд, вай либоси аврупоӣ намепӯшад, зеро либоси миллиро хуш дорад ва то андозае талаботи дини Исломро ба ҷо меорад, аммо пӯшидани ҳиҷобро зарур намедонад.
XS
SM
MD
LG