Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти нақзи ҳуқуқи бонувони ҷавони тоҷик


Наргис Валаматзода - ҳамоҳангсози барномаи занони институти ҷомеаи кушод дар Тоҷикистон гуфт, дар пайи баргузории ин дарсҳо тахсиси грантҳои хурд барои инъикоси масоили гендерӣ дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар назар аст. Хонум Валаматзода гуфт, бо ҷалби журналистони ҷавон ӯ умедвор аст, ки дар ҷомеа то андозае тавозуни гендерӣ ба миён ояд.

Гулнора Бекназарова - муҳаррири маҷаллаи «Гендер ва Ҷомеа» мегӯяд, вазъи мушкили иқтисодии имрӯз ва дар ин ҳолат танҳову бекасбу беҳунару бемуттако мондани занон пайомади эътибори камтар нисбат ба зан аст:

«Набуди ҷои кор дар Тоҷикистон мардонро раҳсипори Русия сохт ва занони тоҷик дар хонаҳояшон бо фарзандон ва мушкилоти худ танҳо монданд. Ин занон ҷои кор надоранд ва агар доранд ҳам, пас хеле камдаромад аст ва ин вазъ истилоҳи феминизатсияи фақириро ба миён овардааст.»

Нуринисо Ризвоншоева - раҳбари маркази дастгирии «Дидор» мустақар дар шаҳри Хоруғ мегӯяд, аз лиҳози қонунӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон зану мард баробарҳуқуқ ҳастанд, вале дар амал зан дар роҳи татбиқи ҳайсияти худ ба мушкилоти зиёде дучор мегардад ва дар ҳаёти ҷомеа нақши назаррасе намебозад. Ҳуриниссо Ализода - сарвари созмони ғайриҳукуматии «Ҳилола» дар тақвияти ҳарфҳои ҳамкаби худ як феҳрасти нақзи ҳуқуқи занҳоро меорад:

«Интихоби касб, таҳсил, пӯшидани либос, дар масъалаи ахлоқ, дар масъалаи муносибатҳои зану шавҳар, дар масъалаҳои тарбиявӣ, тарбияи писару духтар, дар масъалаи ба сиёсат машғул шудани ҷинсҳо ва ғайраву ғайра. Умуман, дар кадом соҳае бигирем, стереотипҳои гендерӣ вуҷуд доранд.»

Аз рӯи як пурсиши маркази тадқиқотии «Панорама» дар муқоиса бо насли калонсол бештар ҷавонон пойбанди стереотипҳои гендерӣ будаанд. Татяна Бозрикова - сарвари маркази «Панорама» мегӯяд, 40 дар сади наврасони пурсидашуда дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, зан бояд хонашин бошад ва 78 дар сади дигар нигоҳубини хонаро вазифаи зан донистаанд. Миёни пурсидашудаҳо ҳам писарон ва ҳам духтарон будаанд. Талабшо Саломов - як шунавандаи дигари мактаби тобистонаи «Гендер ва расонаҳои хабарӣ» лаби тааҷҷуб мегазад, ки мардҳо одатан бо маслиҳати занон кор мекунанд ва ин ҳама талошҳои дигар баҳри чист?

Ҳуринисо Ализода сарчашмаҳои пайдоиши стереотипҳоро дар мавқеъи географӣ, муҳити оилавӣ ва сатҳи маърифату ҷаҳонбинии мардум медонад ва мегӯяд, ин стереотипҳо дар шаклҳои мухталиф дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бидуни истисно вуҷуд доранд. Ба андешаи Марям Давлатова пайдоиши стереотипҳо омили молӣ дорад. Ӯ мегӯяд, имрӯз агар қолаби яхбастаи «духтараю чию хондану коруш чӣ» об карда нашавад, барои худи мардҳо бардоштани бори рӯзгор миёншикан хоҳад буд:

«Чилу ҳашт дар сади аҳолӣ наметавонад, сад фоизи аҳолиро хӯронад ва пӯшонад. Бисёр мушкилоти моддие мо дорем, ки аз онҳо мушкилоти равонӣ сар мезананд, ба мисли бетарбия мондани фарзандон, аз таҳсил дур мондани духтарон ва ғайраву ва ғайраҳо, инҳо мушкилоте ҳастанд, ки мо аз сабаби набуди тавозуни гендерӣ ҳал карда наметавонем.»
XS
SM
MD
LG