Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се самти асосии фаъолияти сафири нави Русия дар Тоҷикистон


Тавсиаи ҳамкорӣ байни Маскаву Душанбе дар заминаҳои энержӣ, муҳоҷирати корӣ ва фарҳанг дар сархати барномаи кори Рамазон Абдулатифов, сафири нави Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад. Зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Рамазон Абдулатифов бо изҳори ин матлаб ҳамчунин гуфт: "Пиёдасозии тарҳҳои энержӣ дар навбати аввал қарор дорад. Ин соҳаи муҳим аст. Тоҷикистон захираҳои фаровони энержӣ дорад. Миёни Русияву Тоҷикистон дар заминаи энержӣ чандин созишномаву қарордод ба имзо расидааст ва дар роҳандозии онҳо мусоидат бояд кард."

Сафири нави Русия дар Тоҷикистон афзуд: "Маскав алоқа дорад, ки тоҷикон дар Русия кор кунанд, вале бархӯрд бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия на ҳамеша шоиста аст. Ин хато бояд ислоҳ шавад. Муҳоҷирон бояд ҳомилони фарҳанг бошанд, барои қаробати халқҳо мусоидат бояд намоянд, на мӯҷиби ихтилофу таниш бошанд. Муҳоҷирони тоҷик заҳматкашанд. Онҳо бовиҷдон ҳастанд, бо дузду авбошу раҳзанон камтар робита доранд. Бинобар ин лозим аст, ки барои онҳо шароити созгор муҳайё намоем. Мо манфиатдор ҳастем, ки тоҷикон дар Русия кор кунанд."

Рамазон Абдулатифов яке аз самтҳои дигари фаъолияти худро дар симмати сафири Русия дар Тоҷикистон таҳким ва тавсиаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии Русияву Тоҷикистон номид. Рамазон Абдулатифов дар посух ба пурсише, ки чаро маҳз шуморо ба ин сафорат масъул кардаанд, посух дод: "Шояд сарнавишт бошад, зеро дар минтақа ман ба Тоҷикистон зиёд ишқу алоқа дорам. Чаро ки Тоҷикистон аз тариқи Эрон ва забони форсӣ ба Доғистони ман пайванд мегирад. Ман дар таърих нахустин доғистоние ҳастам, ки сафири Русия мешавам."

Рамазон Абдулатифов бо зикри хайри устодон Расул Ғамзатов ва Мирзо Турсунзода гуфт, ҷилои он ду ситораи нурафшон ҳамвора бояд маҳфилҳои дӯстонаи моро муннавар бидорад.
Рамазон Абдулатифов дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки бо Тоҷикистон ошноии кофӣ дорад: "Соли 1989 дар раъси як ҳайъати намояндагии Шӯравии вақт аз саросари Тоҷикистон, аз ҷумла аз Бадахшон боздиди тӯлонӣ анҷом додааам. Соли гузашта ҳамроҳ бо Сергей Миронов - раиси Шӯрои Федератсия ба Душанбе сафар кардам. Бо мақомоти Тоҷикистон ва бисёр давлатмардони дигари тоҷик ошноӣ дорам. Аз таърихи Тоҷикистон хабар дорам ва ончиро намедонам хоҳам омӯхт."
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG