Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик мустақилияти иқтисодӣ доранд ва ё надоранд?


Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 50 фисади ҷавонони тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил нестанд ва ниёзманди волидайнанд. Мустақилияти иқтисодии шахс чист?
Агар шумо дар ҷое кор мекунед, ё ин ки ягон манбаи дигари устувори даромад дореду аз ҳисоби ин метавонед зиндагии худро пурра таъмин созед, пас метавон гуфт, ки шумо комилан аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақилед. Аммо агар чунин мустақилиятро бархе аз ҷавонони тоҷик орзуи амалинашаванда пиндоранд, теъдоди дигар бо ҳар васила талош меварзанд, ки ин мустақилиятро ба даст оранд.

Аксари ҷавонон намехоҳанд, пойбанди волидайн ва ё нафарони дигар бошанд ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд аз давраи донишҷӯӣ аз пайи дарёфти коре бошанд, то ин ки мустақилона тавонанд, худро таъмин созанд. Илҳомҷон Воҳидов донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи Миллӣ мегӯяд, агар шахс аз ҷиҳати иқтисоди мустақил бошад, метавонад дар ҷомеа худро ҳамчун шахси комилан бенуқс муаррифӣ кунад:

«Шахсан худи ман аз он рӯзе, ки донишҷӯ шудам, аз ҳамон вақт инҷониб кор мекунам ва каму беш мустақилияти иқтисодии худро таъмин карда метавонам. Ҳангоме ки одам ба муфтхурӣ одат мекунад ва дар сурати аз даст додани падару модар маҷбур мешавад, кор кунад. Вале чун меҳнат кардан наметавонад, оқибати чунин шахсон дурахшон нахоҳад буд.»

Холиса ном ҷавондухтар мегӯяд, ӯ ҳар бор барои роҳкиро аз падару модараш пул пурсидан шарм медорад, аммо илоҷи дигар надорад: «Камбудии ман аз ҷиҳати иқтисодӣ дар он аст, ки аз ҳаққи падару модарам ба донишгоҳ меоям. Ман агар аз пули меҳнати худам истифода кунам гарданам баланд мешавад. Вақте ки ман аз падарам пул талаб мекунам, дар пеши онҳо сархам мешавам. Вақте ки зан пул дорад аз ҳама ҷиҳат худро ҳимоя карда метавонад.»

Салим ном муҳассили Донишгоҳи Миллӣ гуфт, ҳангоме ки ӯ аз ҷиҳати молӣ аз падару модар вобастагӣ дошт, худро шахси ҳақир меҳисобид. Аммо акнун ӯ ҳар субҳ аз онҳо на пул, балки дуо металабад: "Ман худам пул дорам, ман ба дуои онҳо ниёз дорем. Вақте пеш мустақил набудам, худро чун объекти дарди сар барои онҳо ҳисоб мекардам, чун мо 5 нафар ҳастем ва таъмини панҷ нафар барои онҳо мушкил буд."

Дар ҳамин ҳол иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд,аз ҷиҳати иқтисодӣ пойбанди волидайн будани аксари ҷавонони тоҷик маънои онро надорад, ки ин ҷавонон қобилияти кор карданро надоранд, балки: «Онҳо қобилият доранд, аммо имконият надоранд. Чун имконияти бо суръати баланд аз 15 то 20 фоиз ҳар сол зиёд кардани ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест.»

Ба қавли иқтисодшинос Ваҳҳоб Воҳидов, имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 3 фоизи ҷавонон аз ҳисоби соҳибкорӣ тавонистаанд, мустақилияти иқтисодияшонро ба даст оранд, ки ин хеле кам аст. Ман аз ҷаноби Воҳидов суол кардам, ки барои ноил шудан ба мустақилияти иқтисодӣ чи лозим аст?

«Пеш аз ҳама дониш, кӯшишу ғайрат, кордонӣ ва иқтисоддонӣ зарур аст. Ҳама кор аз корхонаҳои хурд шурӯъ мешавад.»

Оқои Ваҳҳоб Воҳидов ҳамчунин афзуд, ҳукумати Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки барои ба даст овардани мустақилияти иқтисодӣ ба ҷавонон кӯмак бирасонанд ва шароитҳои зарурӣ барои онҳо фароҳам оварад.
XS
SM
MD
LG