Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадимтарин ва гаронқимматарин сиккаҳо дар Тоҷикистон


Дар Осорхонаи миллии Камолиддини Беҳзоди Тоҷикистон беш аз 2500 сиккаи антиқа бо шумули 1000 сиккаи расман номнависнашуда маҳфузанд, ки гавҳари таъриху фарҳангу маданияти касбии кишварро муаррифӣ мекунанд. Ба унвони мисол, дар ҳамин осорхона нахустин сиккаи аҳди қадими ориёӣ бо рамзи доллари имрӯзаи амрикоӣ $ гузаштааст, ҷойгир аст. Олими сиккашинос, муовини раиси осорхона Абдувалӣ Шарифзода, ҳазломез мегӯяд, ки ҳамакнун бояд дақиқан муайян кард, ки доллари амрикоӣ моли кист - аз мо ё аз амрикоиҳо:

«Ҷиҳати аз ҳама беш аҷиби сиккаҳои сосонӣ ин аст, ки дар онҳо як аломати $, ки мисли аломати доллари амрикоӣ ҳаст. Ҳамин аломати $ ҳам дар сиккаҳои кушонии аз ҷануби Тоҷикистон ёфтшуда ва ҳам дар сиккаҳои сосонии аз шаҳри Душанбе ёфтшуда мавҷуданд.»

Пеши чашми ман сиккаи салтанати Кушониён истодааст, ки дар худ акси шоҳ Канишка ва худои Шиваро дорад. Абдувалӣ мегӯяд, дар аҳди хеш сулолаи Кушониён кадом кишвареро, ки забт мекардаанд, ҳатман дину оини онро қабул мекардаанд ва сиккаҳоеро бо акси худоҳои ишон ва шоҳони кушонӣ дар қаламрав ба гардиш мебаровардаанд. Ба таъйиди гуфтаҳои худ ҷаноби Шарифзода сиккаҳоеро бо акси худоҳо - Нана, Митро, Меҳр, Вадо, Будо ва Шива пеши ман гузошта меафзояд:

«Барои он ки шоҳ Канишка чунин сиёсат дошт, ҳар кишваре забт мекард, дини онро қабул мекард ва ба мардум мегуфт, ки маро худои шумо фиристодааст, ки аз золимон шуморо озод кунам!»

Худоҳо дар сиккаҳо ҳар яке дар намуду гунаи дигар тасвир шудаанд. Ба унвони мисол Худои Вада, ё худ Бод тарзе офарида шудааст, ки гӯё медавад, худои Шива бо Гови муқаддас дар сӯҳбати маҳрамона аст, Меҳр худои офтоб аст ва аз рӯи ӯ нур мерезад, худои Аноҳито ба ишқ талқин мекунад ва Нана-худои зебоӣ дил мерабояд.
Ва аммо ифтихори осорхона сиккаҳои тиллоанд, ки аз даврони Сосониён то авоили даврони ислом ва баъдаҳу ба даст омадаанд.

Абдувалӣ Шарифзода мегӯяд: «Сиккаҳои тиллоии ёфтшуда сиккаҳои Шоҳ Васудева будаанд. Ва аммо бештари сиккаҳои бисёр ноёб аз ганҷинаи шоҳ Хуишка мебошанд, ки аз камёфтатарин сиккаҳоанд!»

Сиккаҳо вобаста ба қиммати хеш драхма, ё худ дирам, фалс, фулус унвон доранд. Сиккаҳои тиллоӣ, ки дар Тоҷикистон кашф шудаанд, бештар ба даврони ҳукмронии Шоҳ Васудева мансуб будаанд. Ва аммо барои илми нумизматика ё худ сиккашиносӣ бозёфти «обол» ё худ пули кӯчактарин дар маркази кишвар - шаҳри Душанбе воқеан кашфиёти нодир будааст. Бостонишносон ҳини як ҳафриёт қадимтарин «Обол»-ро бо акси Шоҳи Душанбе дар аҳди қадим - Шоҳ Салаби Кӯшонӣ ё худ Шоҳ Герайро дар маркази Душанбе ёфтанд.

Ва аммо ифтихори воқеии сикашиносони тоҷик сиккаи мисинест, ки аз Истаравшан ба даст омадааст ва мутааллиқ ба асри 6 мелодист. Дар олами сиккашиносон сиккаҳои даврони Шоҳ Ғиёсиддини Ғуррӣ на камтар аз 200.000 доллари амрикоӣ нарх доранд. Бостоншиносон мегӯянд, қиммати тахминии сиккаи кӯфии охирин афшини Истаравшан Сайр ибни Абдулло ҳамингуна будааст. Зеро ҳамингуна сикка дар ҷаҳон якто буд ва ҳамакнун бостоншиносони тоҷик намунаи дуввуми онро ёфтаанд:

« Ин сиккаи нодир аз тарафи банда кашф шуд. Мо аниқ кардем, ки ин сикка дар Истаравшан зарб зада шудааст. Ва ин дуввумин сиккаи ҳамингуна дар олам аст, ки хушбахтона дар Тоҷикистон, дар осорхонаи Истаравшан маҳфуз аст ва аз сиккаҳои тиллоӣ ба карат гаронтар қиммат дорад.»
XS
SM
MD
LG