Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаву интиқодҳои рӯзномаҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои Андиҷон


Миёни матолиби матбуоти Душанбе дар ин ҳафта мавзӯъи ҳаводиси Андиҷон бозтоби густурда ёфтааст. «Азия Плюс» дар матлабе бо номи «Шикасти Фарғона» навиштааст, мардуми ҷамъомадаи назди ҳукумати Андиҷон хостори таъсиси Хилофати исломӣ набуданд, онҳо фақат мехостанд, ба гӯши ҳукуматдорон расонанд, ки ниёз ба як бурда нон доранд ва зиндагӣ барояшон торафт тоқатфарсо мегардад. «Азия Плюс» тазоҳуроти мардуми осоиштаи Андиҷонро эътирози ин мардум дар баробари вазъи риққатбор ва сиёсати феълии мустабидонаи режими Каримов номидааст. Аммо тирҳои низомиёни узбак мегӯяд ин нашрия, садои ин эътирозро хомӯш сохт.

Дар матлаби дигар «Азия Плюс» аз қавли Муҳиддин Кабирӣ вакили порлумони Тоҷикистон навиштааст, таҳавуллоти муайяни анҷомгирифтаи демократӣ дар Тоҷикистон боиси коҳиши эътирози мардуми тоҷик дар водии Фарғона шудааст. Мусоҳиби нашрияи мазкур гуфтааст, агар дар Узбакистон низ чунин таҳаввуллот сурат мегирифт, он гаҳ ҳаводиси хунини Андиҷон ба эҳтимоли зиёд иттифоқ намеафтод. «Зиндагӣ» рухдодҳои ахири Узбакистонро кӯшиши анҷоми инқилоб дар ин кишвар номида, иддаои Ислом Каримов дар бораи даст доштани ифротгароёни исломӣ дар ҳаводиси Андиҷонро рад намудааст. Ин ҳафтанома руйдодҳои Андиҷонро кори дасти гурӯҳҳои дохилии ҳукумати Каримов арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи «Зиндагӣ» бо роҳандозии ин бӯҳрон ин гурӯҳҳо қасд доштанд, низоми феълии Тошкандро сарнагун созанд.

«Минбари Халқ» дар шарҳи рӯйдодҳои Андиҷон омили иҷтимоиро "ангезаи аслии қазия дониста менависад, ки афзоиши фақру қашшоқӣ ва бекорӣ дар ин минтақа мардумро ноумед ва маъюс гардонидааст."

"Вечерний Душанбе» дар матлабе ба равобити наздики генерал Дустум ва сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев пардохта таъкид намудааст, Худойбердиев дар интиқоли микдори бузурги ҳероин тавассути хоки Тоҷикистон ва Узбакистон даст дорад. «Тоҷикистон» дар солрӯзи қатли раиси собиқи ноҳияи Турсунзода Нарзулло Эргашев аз сӯи афроди Маҳмуд Худойбердиев навиштааст, мояи тааҷҷуб аст, ки Худойбердиев ва дастаи вай кишвари дӯсту ҳамсоя -Узбакистонро бе мамониат макони буду боши хеш қарор додаанд. Нашрия аз раиси ҷумҳури Узбакистон хостааст, то дар таҳвили Худойбердиев ва афроди муҷрими ӯ ба дасти мақомоти тоҷик мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG