Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳои асосии боздорандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон


Бохтар

Мадина Нурматова, муовини раиси Оҷонсии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва пуштибонии соҳибкории Тоҷикистон зимни як маҳфили мубоҳисоти сиёсии таъсисдодаи Анҷумани сиёсатшиносони кишвар дар ноҳияи Бохтари Хатлон гуфт, тоҷирони хурду миёнаи кишвар аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки қонунгузории кишвар ба фаъолияти онҳо монеаҳо эҷод карда ва садди рушди соҳаи мазкур шудааст.

Ин дар мавридест, мегӯяд ӯ, ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна тасмимоти ҷиддӣ дорад ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди огаҳӣ аз мушкилоти мавҷуда бо соҳибкорон рӯбарӯ мулоқот мекунад: "Мутаассифона илова бар қавонини мавҷуда ҷиҳати сабти номи соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, аз сӯи вазорату идораҳои марбутаи кишвар санадҳои изофӣ ба тасвиб мерасад. Оҷонсии мо дар якҷоягӣ бо вазорати адлияи кишвар фаоълияти мақомоти назоратӣ ва иҷроиши қавонуни мавҷударо мавриди таҳлил қарор дод ва муайян кард, ки бештарин санадҳои илова бар қавонин нашршуда манфиати ин мақомотро пуштибонӣ карда ва ба тиҷорату соҳибкорӣ монеа мегузоранд. Ин санадҳои сабти ном ва ҷаримабандӣ мебошанд ва ба соҳибкорони хурду миёна мушкилоти молӣ эҷод мекунанд."

Хонум Нурматова афзуд, аз ин вазъи феълӣ метавон хулоса бардошт, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ таъсис шуда ва фаъол аст, аммо фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт мутобиқ ба сиёсати муайянкардаи раиси ҷумҳур нест. Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон гуфт, мушкилоти рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба афзудани фасоди молӣ дар мақомоти давлатӣ марбут аст ва дар ин маврид чанд пешниҳод низ кард: "Ҷорӣ кардани назорат бар мақсаднок истифода кардани сармояҳои хориҷӣ. Ин дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, дар Тоҷикистон қарз гирифтан мушкил аст фоизи бонкҳо низ баланд."

Мадина Нурматова, муовини раиси Оҷонсии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва пуштибонии соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамин ҳол афзуд, мушкилоти мазкур дар соҳаи соҳибкорӣ сабаби истифодаи беманфиати сармояи аз хориҷи кишвар ворида шудааст. Ба эътиқоди ӯ, аз сӯи мардикорони кишвар ҳар сол ҳудуди 300 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки бо ин иллат маблағҳои мазкур танҳо ҷиҳати ниёзи рӯз ва бунёди қасру кӯшкҳо харҷ мешавад. Хонум Нурматова афзуд, ин дар мавридест, ки корхонаҳои хурду миёна бо иллати надоштани маблағ солҳои зиёд фаъол нестанд ва бархе аз корхонаҳои навтаъсис ба муфлисӣ мувоҷеҳ мешаванд.
XS
SM
MD
LG