Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик ба хотири чӣ кор мекунанд: пул, карйера ва ё таҷриба?


Ҷомеашиноси тоҷик Алишер Раҳмонбердиев, ҷавонони тоҷикро ба чаҳор гурӯҳ тақсим мекунад, ки ҳар яке бо ҳадафҳои хос ба кор машғул мешаванд. Як гурӯҳ танҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ барои пешбурди зиндагӣ кор мекунад ва дигарӣ барои карйера ва гурӯҳи сеюм барои пайдо кардани таҷриба. Гурӯҳи чаҳорум ихтиёриёне ҳастанд, ки чанд сол боз дар ягон созмону корхонае фаъолият мекунанд, то замина барои пайдо кардани кори хубро муҳайё намоянд.

Аммо ба гуфтаи Алишер Раҳмонбердиев, қариб аксарияти ҷавонон танҳо бо як мақсад, яъне пеш аз ҳама барои маблағ кор мекунанд ва ё бо ҳамин мақсад аксарияти дигар аз ҳамвора дар пайи ҷустуҷуи ҷойи кори сердаромад ҳастанд, ки пайдо кардани он ба якборагӣ имконнопазир аст, мегӯяд Алишер Раҳмонбердиев:
«Гурӯҳи аввалаш дар баробари таҳсил кор мекунанд ва кори онҳо асосан ба он равона шудааст, ки барои зиндагӣ ва хароҷоти ҳаррӯзаи худ маблағе дарёфт мекунанд. Кори инҳо баъзеашон дар корхонаҳои мухталиф бошад, аксарияташон бо бизнеси хурд машғул мешаванд. Баъзе донишҷӯёне ҳастанд, ки ба кор машғул мешаванду дарсро тарк мекунанд.»

Воқеан агар ҳамроҳи ҳар донишҷӯе, ки сӯҳбат кунед, орзуҳои болобаланди ба якборагӣ пайдо намудани ҷои кори хуберо менамоянд ва ё як қисмати онҳо мегӯянд, аллакай дар созмонҳову сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Камолиддин Каримов - донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон аст ва ҳамзамон дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ҳайси котиби матбуоти фаъолият мебарад. Ӯ 26 сол дорад ва мегӯяд, танҳо барои пешбурди зиндагӣ ва таъмини худ кор мекунад:

«Умуман ба назари ман мақсади ҳама як аст, фаъолияти меҳнатӣ доштан ва пеш бурдани зиндагии худ ва ман ҳам бо ҳамин мақсад дар ин ташкилот кор мекунам. Гумон мекунам, ки бештар майли дар созмонҳои хориҷӣ кор кардани ҷавонон ҳам имрӯз аввалан ба хотири пешбурди зиндагӣ ва маблағ аст.»

Мусоҳиби дигарам ҳам донишҷӯ ҳаст ва аз ноҳияи дурдаст омадааст. Ӯ мегӯяд кор мекунад, то дар таъмини худ ба падару модар кӯмак расонад: «Ман ҳозир кор карда истодаам, аслан барои маош, чунки ҳозир донишҷӯ ҳастам, пул даркор аст, масалан квартирапулӣ додан даркор ҳар моҳ.»

Аммо барои Умаралии Сафар - хабарнигори нашрияи махсуси ҷавонон бо номи «Зиндагӣ» муҳим на маблағ аст, балки ӯ феълан ба даст овардани карйера ва таҷриба барои худ зарур медонад, зеро: «Сабаби аслии кор кардани мо ин аст, ки имрӯз мо худмона мешиносонем, яъне, дар ҳолате, ки моро шинохтанд, баъдан дар оянда барои ҷои кори хуб пайдо кардан ин замина мешавад.»

Бо ин мақсад, яъне барои соҳиби карйера шудан боз як гурӯҳи ҷавонони тоҷик ба камии маош нигоҳ накарда, муасиссаҳои давлатиро интихоб менамоянд. Аммо Бахтиёр Мирзоев аз ҳамон маоши ночиз ҳам маҳрум аст, вале кор мекунад, ӯ волонтёр, ё худ ихтиёрии чанд созмони ғайриҳукуматӣ аст, яъне бо онҳо бе музд ҳамкорӣ мекунад Аз Бахтиёр мепурсам, ки пас чӣ манфиате барои худ хоҳад гирифт:
"Ҳамкорӣ бо ташкилотҳо барои ман кӯмаки калон аст, аз ҳама муҳим барои инкишоф додани ихтисоси ман ёрӣ мерасонад."
XS
SM
MD
LG