Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва мардумаш дар ҷабаҳоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ақибгоҳ


Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 270 000 нафар аз Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар шуда, чаҳоряки онҳо дар роҳи дифоъ аз Иттиҳоди Шӯравӣ кушта шуданд. 54 шаҳрванди тоҷик ба дарёфти унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил шуда, 15 нафари дигар аз Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ҳамаи се нишони фохираи "Слава" ё худ "Шӯҳрат"-ро, ки аз пурифтихортарин нишонҳои давраи ҷанг буд, ба даст оварданд.

Аз ҷамъи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон феълан беш аз 7 000 нафар ба сар мебаранд ва давлат ба муносибати 60-солагии Ғалаба ба ҳар кадомӣ онҳо ба маблағи 300 сомонӣ мукофот ва як нишони ҷашнӣ эъто кардааст.

Аммо бо вуҷуди гузашти 60 сол аз замони хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ то ҳол бисёре аз паҳлуҳои он ҷанг норӯшан боқӣ мемонад. Аз ҷумла паҳлуҳое ки марбутанд ба саҳми Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ва ба нақше, ки мардуми тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон доштаанд.

Муаррихи тоҷик Сайёра Ашрафӣ ахиран дар мавзӯъи саҳми Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инъикоси масоили ҷанг дар матбуоти даври Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ карда, бар асоси ҳамин рисолааш як китобе ҳам дар бораи Тоҷикистони солҳои ҷанг навиштааст. Хонум Ашрафӣ мегӯяд, танҳо дар рӯзи аввали ҷанг яъне 22 июни соли 1941 беш аз 5000 нафар аз Тоҷикистон барои рафтан ба сангар ариза навиштаанд, ки тақрибан 2000-и онҳо занон будаанд. Зимнан Тоҷикистон ба ҳайси як ақибгоҳи муҳиме дар солҳои ҷанг хидмат мекард ва бисёре аз корхонаҳои саноатии манотиқи аврупоии Иттиҳоди Шӯравиро дар ҳамон солҳо ба Тоҷикистон куч дода буданд.
Сайёра Ашрафӣ дар рисола ва китобаш ба зиндагии сахти мардуми ақибгоҳ ва ҳам ба саҳми занони тоҷик дар ҷабаҳоти ҷанги дуввуми ҷаҳон низ таваҷҷӯҳ кардааст.

Ҳамкори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат дар остонаи ҷашни ғалаба бо Сайёра Ашрафӣ гуфтугӯе анҷом дода, ки онро аз зери ин хати сабз метавонед дарёфт.
XS
SM
MD
LG