Ба назари коршиносон, вазъи инъикоси варзиш дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон қаноатбахш нест. Мирзосафар Шамсиддинов, сухангӯи кумитаи варзиши ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт масоили варзишӣ дар матбуот, телевизиону радио ва интернет қонеъкунанда ба назар намерасад.
Вай афзуд: «Ба ҷуз ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт» ва ҳафтавори «Азия-Плюс» нашрияҳои дигари кишвар ба варзиш таваҷҷӯҳ надоранд.»Варзиш-спорт» низ талаботи моро қонеъ кунонда наметавонад, зеро он дар як ҳафта як маротиба чоп мешавад ва қисми зиёди маводи ҳафтанома аз рӯзномаҳои Русия гирифта шудааст.»
Ҳамсӯҳбати дигари мо профессор Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки камтаваҷҷӯҳии расонаҳои хабарӣ ба варзиш барои рушди ин соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Вай мегӯяд: "Дар матбуот,телевизиону радио ва интернет аслан дар бораи дастовардҳои варзишгарони дигар кишварҳо хабару гузоришҳо чоп ва пахш мешавад.Вале дар бораи варзишгарони мо ва масоили ҳалталаби варзиши тоҷик маводе ба назар намерасад."
Ба андешаи Анвар Бобоҷонов дар бисёр кишварҳои дунё ташкилкунандагони мусобиқот аз пахши рақобатҳои варзишӣ дар телевизион ва радио манфиат мебинанд, вале дар Тоҷикистон баръакс барои инъикоси чорабинии варзишӣ ба телевизион маблағ пардохта мешавад.
Ба фикри Раҳмон Сафаров, раиси кумитаи варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пайваста чоп нашудани рӯзномаҳо боиси он мешавад, ки хабарҳои рӯз марбут ба варзиш тозагии худро гум мекунанд. Вале расонаҳои электронии ин кишвар аз имконоти худ барои пахши саривақтии хабару гузоришҳои варзишӣ истифода намебаранд.
Муҳайё Нозимова, донишҷӯи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар барномаҳои варзишии Телевизиони Тоҷикистон, радиои «Ватан»,радиои «Азия-Плюс» бештар ба мавзӯи спорти ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад ва аммо аз ширкат ва натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ хеле кам гузоришҳо пахш мегардад.
Дар сайтҳои интернетии «Азия-Плюс» ва «Авесто» низ гоҳ-гоҳе хабари тозаи варзишӣ ба чашм мерасад.
Алӣ Шарипов, раҳбари идораи тозатаъсиси барномаҳои варзишии Телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар пӯшиши доимии мавзӯъоти варзишӣ, дар айни ҳол масъалаи пахши зинда аз ҷараёни мусобиқот ба иллати нарасидани таҷҳизоти техникӣ имконнопазир аст. Вай, ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Телевизиони Тоҷикистон теъдоди шореҳони варзиш хеле кам мебошад.
Ба ин тартиб ба назари коршиносону хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон инъикоси мавзӯъоти варзишӣ дар матбуот, телевизион, радио ва интернет дар ҳоли ҳозир дар сатҳи поин қарор дорад. Коршиносон мӯътақиданд, ки ҷиҳати инъикоси мудовими масоили варзишӣ расонаҳои хабарӣ ба пуштибонии молӣ ва ҳамчунин дарёфти таҷҳизоти муосири фаннӣ ниёз доранд.