Онҳо, албатта, шод буданд, ки аз ин пас мувофики созишномаи нав донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил ва таҷрибаомузӣ ба Монтанаи Амрико сафар карда метавонанд, аммо кадом сафар бе харҷ аст. Аз ҳама бештар донишӯён мехостанд, ба ҳамин саволи ҷанбаи молии тахсил ҷавоб гиранд. Нигина Зафарова, донишҷуи факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллӣ маҳз ин суолро аз ҷаноби Ҷорҷ Денисон - раиси донишгохи Монтана пурсон шуд
«Масалан, саволе додам, ки маблағи пардохтпулӣ аз тарафи, кӣ супурда мешавад ва дар ин ҷо фаҳмидам,ки аз тарафи донишгоҳи Монтана.»»
Маълум шуд, маблағи солонаи таҳсил дар ин донишгоҳ барои афроди алохидае, ки мехоҳанд бо роҳҳои шахсӣ хонданӣ бираванд, 13 000 доллар будааст. Ҷорҷ Денисон сарвари донишгоҳи Монтана гуфт, дар онҳо ҳоло чахор мухассили тоҷик доранд, аммо бо созишномаи нав, акунун теъдоди муҳассилини тоҷик дар донишгоҳи онҳо меафзояд: "Имзои ин созишнома лаҳзаи таърихист барои ҳар ду донишгох, зеро он имкон медиҳад, ки ҳамкори байни ду донишгоҳ дар роҳи рушди демократия ва пешрафт шурӯъ бишавад."
Ҳайдар Сафиев, сарвари Донишгоҳи Давлатии Милли Тоҷикистон гуфт, аллакай даҳ нафар донишҷӯ барои таҳсил дар ин донишгоҳи амрикоӣ интихоб шудаанд ва акнун онҳоро лозим меояд имтиҳони ТОЭФЛ – яъне имтиҳони забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ бисупоранд.
Аммо назари донишҷӯён ба имкони таҳсил дар Амрико чист? Яке аз онҳо мегӯяд: "Донишҷӯёне, ки ба донишгоҳи Монтана мераванд, донишҳои зиёде мегиранд. Пеш аз ҳама забони англисӣ ва ихтисоси худро ба хубӣ аз худ мекунанд ва метавонанд дигар забонҳоро низ интихоб карда, омӯзанд.Ман ҳам баъд аз ҳамин вохӯри ба хулосае омадам,ки ба шуъбаи муносибатҳои байналхалқии вазорати маориф рафта номзадии худро пешниҳод мекунад." "Мехоҳам ва дар ояндаи наздик ҳаракат мекунам,ки муроҷиат кунам ба ин донишгоҳ,зеро Амрико яке аз давлатҳои пешқадамтарин аст дар бисёр соҳаҳо аз ҷумла иқтисодиёт, саноат ва барои ҳамин дар чунин давлат таҳсил карда, дониши хубро гирифтан мумкин аст.»
Донишгоҳи Монтана нахустин донишгоҳи амрикоист, ки бо вазорати маорифи Тоҷикистон созишнома бастааст, вале чавонони тоҷик тавассути барномахои зиёди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби худ дар донишгоҳҳои дигари Амрико низ таҳсил мекунанд.