Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ тавр насибаи талхи Насиба ширин шуд?


Вақте Насиба Ҳомидова суруд мехонад, махсусан таронаи тӯёна, касе наметавонад дарк кунад, ки чи қадар ғаму андӯҳи бенавоӣ ва бекоргардӣ ба сари ин навҷавони 18-сола фурӯ рехтааст. Аммо вақте суруд тамом мешавад ва ӯ дар гӯшае менишинад, ин андӯҳро метавон дар умқи чашмони ӯ дид. Худаш мегӯяд, дар хурдсолӣ аз модар махрум ва дастёри падар дар оилаи камбизоат гашта, рӯ ба кӯчаву бозор овардааст: "Зиндагӣ вазнин буд, ягон касб надоштам, дар бозор савдо мекардам, аввал матоъ мефурӯхтам, дидам ки фурӯшаш хуб нест ба тиҷорати меваҷот шурӯъ кардам..."
Насиба ба ёд меорад, дар ҳоле ки ӯ меваю сабзавот мефурӯхт, боз мебоист ҳар субҳу шом бо дастони заъифу кӯдаконааш бори вазнинро аз ғурфа то ба захирагоҳи мева кашонад. Ӯ мегӯяд, зиёд таҳқиру озори кормандони милисаро таҳаммул кардааст: "Бозоршинӣ азоб аст, сур мекарданд, азоб медоданд. Як рӯз савдо мекардем як рӯз не, аммо пули чек медодем. Як рӯз меёбӣ, як руз намеёбӣ. Як апахонд доштам, ҳамроҳи у матоъ мефурӯхтам, ҳангоми мевафурӯшӣ бошад танҳо будам."
Даромади ӯ аз ин кор такрибан 1 доллар дар рӯз буд, ки барои парастории падару бобову бибиаш ва барои рӯзии худи ӯ базӯр мерасид. Шояд барояш аламовар намебуд, агар барои ин пули ночиз аз мактаб намемонд. Вай маҷбур буд, зеро роҳи дигар надошт. Аммо фикр мекард, баъдаш чист, давоми роҳ чист. Ҳамсолонаш мактабро тамом мекунанд, ба донишгоҳ мераванд, наход вай ҳамин хел як умр, паси пештахтаҳои ифлос биистад ва аз дасти милиса рӯ ба гурез орад? Ин саволҳо худ ба худ пайдо мешуданд ва азобаш медоданд. Лекин аз кӣ бояд мепурсид? Аҳли хонаводааш ҳар бегоҳ ба дасти ӯ менигаранд ва худаш барои ба мактаб рафтан ҳатто пойафзоли муносиб надорад.
Як рӯз дар айни чушу хуруши савдои бозор бо шахсе ҳамсӯҳбат шуд, ки метавонист, саволҳои худро ба ӯ диҳад. Ин шахс худро узви созмони чамъиятии "Насли наврас" муаррифӣ кард ва шахсе шуд, ки зиндагии Насибаро аз реша дигар кард.
"Насли наврас" аз созмонҳои собиқадори маҳаллист, ки дар роҳи парасториву тарбияи кӯдакони хиёбонӣ ва атфоли коргари мисли Насиба талош мекунад. Дар кишваре, ки ба иттилои Бунёди атфоли СММ, дар айни замон 18 дар сади кӯдакони синни 5 то 14-сола бо навъҳои мухталифи кор машғуланд чунин созмон ҷои фарохе барои фаъолият дорад. Тоҷиддин Ҷалолов, ҳамоҳангсози ин созмон мегӯяд, дар Душанбе наздик ба 2000 кӯдак берун аз манзил дар хиёбону бозорҳо шабро рӯз мекунанд ва одатан теъдоди онҳо дар мавсими тобистон афзоиш меёбад.
Баъди 6 моҳи омӯзиш дар синфи маҳви бесаводӣ, Насиба дар созмони "Насли наврас" ҳунари дойранавозиро аз бар кард ва холо ба ҳайси мураббӣ духтару писарони собик танфурӯшу оворагардро ҳунари дойиранавозӣ меомӯзонад.
Вай мегӯяд: "Писарҳоро дидам бо таблаку дойира ва ман ҳам ҳавасам омад. Бисёр аст духтарони камбизоату хиёбоние, ки мехоҳанд, дойиранавозиро ёд гиранд. Онҳо 15-17 нафар ҳастанд, ки ба пеши ман омада дарс мегиранд. Дар мобайни як моҳ онҳо чанд зарбро ёд гирифтанд."
Акнун Насиба на танҳо дар марказ кор карда маош мегирад, балки ба шарофати ҳунари дойранавозиаш ба маъракаву базмҳои мардум, ба вижа ба меҳмониҳои занона даъват мешавад. "Як замоне ман ҳатто либос намеёфтам, ки пӯшам. Ҳозир зиндагиам хеле хуб шудааст. Ба ҳеҷ кас мӯҳтоҷ нестам, пештар дар бозор дар як руз 3 то 4 сомони меёфтам ва ҳоло бошад дар як соат 50 сомонӣ ва дар як руз 100 сомонӣ даромад дорам. Акнун мешавад бо сари баланд ба оянда нигарист."
Насиба мехоҳад, фаъолияти ҳунариашро идома диҳад, аммо дар таҳи дил орзуи корманди гумрук шуданро дорад. Чаро? Вай мегӯяд бисёр мехоҳад, милисаҳои ришвахорро аз кор холӣ кунад. Имсол ӯ ба донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ дохил шуданист, лекин то шурӯъи соли аввали хониш мехоҳад, ҳамчунин ронандагиро биомӯзад. Дар ҳамин лаҳзаҳо, телефони дастии Насиба занг заду як муштарии нав ӯро ба маъракаи сури худ барои навозандаги даъват намуд. Насиба бо мо зуд хайрухуш карду аз паи навиштани суроғаи тӯйхона шуд.
XS
SM
MD
LG