Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умед" ва орзуҳои Зайнулло Муродови маълул


Зайнулло Муродов маъюби гурӯҳи якум, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ сутунмӯҳрааш шикастааст, асбоберо бо номи "Умед" эҷод кардааст. Зайнулло мегӯяд, тӯли се сол ниёз ба як саробон доштааст, то барои аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар хобидан ва ё савори аробачаи маъюбӣ шудан ба ӯ кӯмак кунанд. Бинобар барои сабук кардани азияти хешу парастанда ҳамин асбобро эҷод кардааст:
"Вақте ки ман ин асбобро надоштам, барои ман се одами бузург лозим буд, ки маро кӯмак кунанд, аммо вақте ки ман инро сохтам, акнун басанда аст, ки як кӯдаки хурдсол ҳам барои ман кӯмакрасон бошад. Ин асбоб аз ҳисоби партобҳои нолозим сохта шудааст, ки бисёр арзон ва осон ҳам сохта мешавад, инро ҳар як маъюб метавонад, барои худ бисозад ва истифода барад."
Барои шунидани идомаи қиссаи Зайнулло ва рӯҳи қавии ӯ ин ҷумлаи сабзро клик кунед.
XS
SM
MD
LG