Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави ҷилавгирӣ аз қочоқи занони тоҷик


Кумитаи занони Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи занон, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ, ба татбиқи барномаи ҷадидеро шурӯъ кардааст. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон, ахиран аз шумори намояндагони кумитаи мазкур, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мақомоти интизомии кишвар як комиссияи вижа таъсис дода шудааст, вазифаи он таҳқиқи вазъи муҳоҷирати ғайриқонунии занон ва ҳодисаҳои хариду фурӯши онҳоро аз ҷониби гурӯҳҳои қочоқбар мебошад.

Қимматгул Алибердиева - муовини раиси кумитаи занони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, заминаи аслии рушди траффики занони тоҷик, муҳоҷирати афзояндаи эшон ба кишварҳои хориҷ, ба вижа Русия мебошад. Вай мегӯяд, таъсиси чунин як комиссияи муштарак дар роҳи пешгирӣ аз ин тамоюли номатлуб, метавонад нақши муаасире дошта бошад. Ба гуфтаи хонум Алибердиева, дар чаҳорчӯбаи ин барнома кумитаи занон тасмим гирифтааст, корҳои тарғиботиро дар миёни занҳои деҳоти Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ба роҳ монад: "Масалан ин комиссия дар вилояти Суғд бо занҳо вохӯрд ва кори он дар навоҳии дигари кишвар идома дорад."

Қимматгул Алибердиева ҳамчунин афзуд, масъулияти дигаре ки ба дӯши ин комиссия вогузор гаштааст, мусоидат ба бозпас гардонидани занонест, ки дар мусофират дучори мушкилот гаштаанд. Ба гуфтаи хонум Алибердиева, то имрӯз ҳеҷ як зане ҷиҳати мушкилоти дар муҳоҷират ба сараш омада, ба кумитаи занон муроҷиат накардааст: "Ахиран беш аз 100 нафар зан аз шаҳру навоҳии мухталифи кишвар ба таври қонунӣ барои кор ба хориҷ рафтаанд. Мо ба занҳо роҳҳои муҳоҷират ва қавонини ҷориро дар ин самт мефаҳмонем, аммо то ҳанӯз ягон зан ба кумитаи мо бо ин гуна мушкилот муроҷиат накардааст."

Аммо бар асоси иттиллои вазорати дохилаи Тоҷикистон, мақомоти интизомии кишвар дар соли гузашта 24 кори ҷиноӣ ва дар се моҳи соли равон 18 парванда дар робита ба қочоқи занонро ба баррасӣ гирифтаанд. Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон бошад, танҳо дар се моҳи соли равон доир ба 30 ҳодисаи қочоқи занони аз 16 то 30-сола маълумот ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG